Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷву танзи Толибонро дар 3D бубинед. ВИДЕО


Ҳафиз Афзалӣ ҳангоми кор
Ҳафиз Афзалӣ ҳангоми кор

Пас аз расидани "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон барномаҳои нақду танз дар телевизионҳо якбора кам шуд ва хабарнигорон бо тарс дар бораи озодии баён суҳбат мекунанд. Танқид аз амалкардҳои ин гуруҳ хатарнок шудааст.

Ҳафиз Афзалӣ, як донишҷӯи афғон дар хориҷа, ба гуфтаи худаш ин норасоиро бо танқиду танзи "Толибон" дар филмҳои тасвирӣ пур мекунад.

Телефон ба идораи пулиси Толибон: "Дузд, дузд, дузд, кумак, кумак.

Фармондеҳи пулис: "Чӣ ин қадар доду фарёд мекунӣ, дузд омадааст, қиёмат ки нашудааст. Бизан бикуш дуздро."

Ҳафиз Афзалӣ, донишҷӯи афғон, ҳамингуна шеваи мудирияту ҳукмронии Толибонро дар Афғонистон ба танз мекашад. Ӯ дар утоқи хурдаш дар шаҳри Ҳелсинкии Финландия садҳо видеое офаридааст, ки дар он ҳукуматдорони пешин ва ҳоло Толибон сахт танқид шудаанд.

Ютубро маҳалли намоиши видеоҳояш интихоб кардааст. Ӯ дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ аз оғози кораш нақл кард: "Ман тақрибан чандин сол мешавад, ки кор мекардам, вале на ба таври ҷиддӣ. Баъд аз фарогирии коронавирус барои онки дар хона будем, кор ва мадраса таътил буд, ман ба гузоштани видеоҳои бештар дар Ютуб шуруъ кардам."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҳаҷву танзи Толибонро дар 3D бубинед
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Ҳафиз Афзалӣ соли 2000-ум аз дасти Толибон гурехт ва баъд аз саргардониҳои зиёд дар Финландия муқимӣ шуд. Мегӯяд, таҳаввулоти ватанашро ҳар рӯз пайгирӣ мекунад ва ҳадафаш аз танзу видеоҳои танқидӣ дар бораи Толибон расонидани паём ба раҳбарони онҳост, ки ҳуқуқи зиёди мардумро аз онҳо гирифтанд.

Паёмаш чунин аст: "Бояд ба мардуми дохили Афғонистон паём бифристем, ба раҳбарону пайравони Толибон, ки мардуми Афғонистон дигар мардуми 20 сол пеш нест. Мардум чандин сол озодии баёнро таҷриба карданд ва демократияи нимабанде доштем, дигарбора ба ақиб барнамегардем. Агар Толибон худро бо мо месозанд, бисозанд, агар не, мо ба ақиб баргаштанӣ нестем.”

Танзу видеоҳои ӯро дар Ютуб садҳо ҳазор маротиба тамошо кардаанд ва худаш мегӯяд, ки корбарон онҳоро хуш доранд ва бештар мехоҳанд: ​"Аксаран дӯст доранд, ки ин видеоҳоро бибинанд. Канали Ютуби ман тақрибан 50 ҳазор обуначӣ дорад ва ман комментҳоро мехонам, тақрибан 90 дар сад комментҳо мусбат ҳастанд ва онҳо маро ташвиқ мекунанд, ки бояд ин корро идома диҳем."

Дар таҳияи видеоҳо ба Ҳафиз Афзалӣ гуруҳе аз дустонаш ёрӣ мекунанд. Ютубро манбаи даромад намешуморад ва ба ғайр аз ин кор, рӯзҳои истироҳат таксӣ меронад.

Ба бовари Ҳафиз Афзалӣ, кори ӯ як роҳи хуби ислоҳи ҷомеа аст ва бо танзу танқид метавон кори бузурге анҷом дод: ​"Ба назарам қудрати танз ва ҳунарро набояд дар кул нодида гирифт. Ҳамон тавр ки як асари ҳунарӣ дар як фард метавонад, инқилоби фикрӣ эҷод кунад, дар як ҷомеа ҳам метавонад, муассир бошад."

XS
SM
MD
LG