Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ташхиси ВИЧ-ро барои муҳоҷирон ҳатмӣ мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони корие, ки беш аз 90 рӯз дар Русия мондан мехоҳанд, аз 29-уми декабри имсол бояд маълумотномаи гирифтор набудан ба вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ)-ро пешниҳод кунанд.

Лоиҳаи қарореро дар ин замина Вазорати умури дохилии Русия таҳия кардааст. Маълумотномаҳо бояд дар давоми 30 рӯзи баъди ба поён расидани муҳлати санадҳои пешин пешниҳод карда шаванд.

Дар Русия 1-уми октябри соли равон муҳлати моратория ба ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ, ки баҳори соли 2020 ба иллати пандемияи коронавирус ҷорӣ шуда буд, расман ба поён расид. Дертар маълум шуд, ки муҳлати ин сабукиҳо барои муҳоҷирон то 30-юми декабри соли равон дароз шудааст, вале он ба муҳоҷироне дахл дорад, ки дар қайди Хадамоти муҳоҷирати Русия ҳастанд.

Пештар раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин пешниҳод карда буд, ки барои муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамсоя озмоиши ҳатмии ДНК ҷорӣ карда шавад.

Дар Русия зиёда аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва ҳанӯз дақиқ нест, ки талаботи нав барои онҳо чӣ мушкилиҳои навро пеш меорад.

XS
SM
MD
LG