Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набераи Ҷумъаи Толиб: "Мактаби ӯ садҳо ҳақиқатҷӯро ба майдон овард"


Ҷумъабой Толибов дар моҳи октябри соли 2011

Дар солгарди фавти рӯзноманигори маъруф Ҷумъаи Толиб нақша доштем, аз ӯ дар пойгоҳҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёд хоҳем кард. Аммо ин номаи самимона ва дардомезе ба мо расид, ки наберааш дар бораи ӯ навиштааст. Ҳамчунон ки ҳаст, нашр мекунем. Бо иловае аз гузориши даҳ сол пеши худ.

Устоди мактаби зиндагии ман
Барге аз дарахти хотироти ману бобо дар даҳумин солгарди реҳлати бобоҷони зиндаёдам, Ҷумъаи Толиб

Умри инсон шабеҳи ақрабаки соат аст, ки зуд мегузарад ва дақиқаҳову сонияҳои он ба пеш ҳаракат мекунаду ба қафо барнамегардад. Аммо ин ҳаракати дақиқаҳову сонияҳо мисли тапиши қалб хунро ба набзи зиндагӣ ва хотироти мо медамад ва то ёду хотираи азизонамон дар қалбу рӯҳу ҷони мо дубора нафас бигирад ва илҳоми тоза бидамад.

Бобоҷон, ин ҷараён аст, ки ман набераи Шумо – Аврангшоҳ шабчароғи ёду хотираи Шуморо дар қалби худ рӯшан нигаҳ медорам ва ба он маҷоли фаромӯшиву хомӯш шуданро намедиҳам.

Замоне, ки Шумо ин дунёи фониро падруд гуфтед, ман ҳафтсола будам. Чун хурд будам, шояд ба умқи мафҳуми талошҳои Шумо намерасидам, аммо он достонҳои мардонагиву шуҷоъат ва далериву ҷасорати Шумо ҳанӯз он замонҳо зеҳни маро тасхир карда буд ва фикрамро машғул медошт. Ман бисёр хурд будам, аммо дар ҳамон син барои ман чизҳое омӯзонидед, ки ман то кунун аз ягон мактаб чунин дарсҳоеро наомӯхтаам. Шумо ба ман дарси адолату ҷавонмардӣ, ҷасорат, нотарсӣ ва таслим нашуданро омӯзонидед ва аз ҳамон лаҳзаҳо устоди мактаби матонату родмардии зиндагии ман будед.


“Аврангшоҳ, Шумо биноӣ?”

Ман ба Шумо бениҳоят дил баста будам ва ба ширингуфториҳои Шумо сахт одат карда будам ва ба беш аз ҳар каси дигаре Шуморо дӯст медоштам. Ман дар Панҷакент будаму Шумо як по дар пойтахти Тоҷикистони азизамон – шаҳри Душанбе ва як по дар Айнӣ ва Панҷакент будед ва ҳамеша хабаргиру ҳолпурси мо будед. Ҳар субҳ, ки бедор мешудам, чашмам ба дарвоза буд, ки кай Шумо меоед. Ман ба хурдсолиам нигоҳ накарда, ҳатто шумораи телефони Шуморо ҳифз карда будам ва гоҳу ногоҳ занг мезадам. Боре ба шумо занг задам, Шумо дар маҷлисе ҳузур доштед, аммо ба серкориатон нигоҳ накарда, ба занги ман ҷавоб додед: “Аврангшоҳ, Шумо биноӣ мӣ?”, бо хандаи ба худ хос посух додед ва аҳволпурсӣ кардед.

Аҷоиб суханҳои самимонаву ширин доштед. Хандаҳои зебо ва табассуми ҷолибе, ки доштед, қалби касро тасхир мекард. Ман дар орзӯи дубора омадани Шумо лаҳзашуморӣ мекардам ва ба ёди хандаҳои мафтункунандаи Шумо нигоҳамро нигоҳамро ба самти дарвоза медӯхтам. Аммо як субҳи зудҳангом садои дилхарошу ҷонгудозе маро аз хоб бедор кард. Вақте гуфтанд: “Бобоят аз олам рафтанд”, гӯшҳоям қуфл заданд, дигар чизе намешунидам. Дунё дар назарам торик шуда буд, буғз гулӯямро фишор медод. Бовар намекардам, ки Шумо даргузаштаед. Бовар намекардам, ки дигар хандаҳои Шуморо дар лабони пуртабассуматон намебинам. Дар тасаввурам намеғунҷид, ки дигар Шумо аз дарвозаамон маро садо зада, ворид намешавед. Ба атрофиён мегуфтам: “Шумо шухӣ мекунед, бобои ман нагузаштаанд!”.

“Бобоҷон хезед, ман омадам”

Бо камоли нобоварӣ ба даргузашти Шумо, маро ба назди ҷасади беҷони Шумо оварданд. Чашматон пӯшида буд, нафас намекашидед. Ҳарчанд фарёд задам, ки “бобоҷон хезед, ман омадам”, аммо афсӯс, ки дигар ба сӯи ман нигоҳ карда намехандидед. Шуморо ба манзили тангу торике дароварданду ба ман гуфтанд, ки акнун хок андоз. Ҳар боре ки ман ба рӯи ҷасади Шумо хок мерехтам, тасаввур мекардам, ки рӯи ранҷҳо ва захмҳои аз дунёи фонӣ бардоштаатонро мепӯшам ва гӯё хоки туҳматгарону ноҷавонмардони замонаро пеши рӯи Шумо бод мекардам то назди чеҳраи хандони Шумо шармсору беарзиш ҷилва кунанд.

Ба қавли амакам Боймуҳаммад Содиқов, Шумо ҳақиқатро бо худатон бурдед ва унсурҳои ноҳақиву туҳмату ноҷавонмардӣ муддатест табли шодӣ мезананд ва ба ин гумонанд, ки аз чанги адолати Ҷумъаи Толиб раҳо шудаанд. Бехабар аз он ки мактаби ҷавонмардиву ҷасорати Ҷумъаи Толиб даҳҳову садҳо ҷасуру ҳақиқатгӯву ҷавонмардро тарбия ва ба оғӯши ҷомеа таҳвил додааст, ки рӯзе парчами адолати Ҷумъаи Толибро барафрошта хоҳанд кард.

Рӯҳатон шод, манзили охирататон обод ва мақому ҷойгоҳатон Биҳишт бод, бобоҷони азизу меҳрубонам.

Аврангшоҳ Нормаҳмадов,
хонандаи синфи 11-и мтму № 56,
деҳаи Сӯфиёни шаҳри Панҷакент.

АЗ ИДОРА: Ҷумъабой Толибов (Ҷумъаи Толиб) 25-уми январи соли 1960 дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1979 аст.

Солҳои 1984 то 1994 дар нашрияи «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ, мухбир ва мудири шӯъба кор кардааст. Сипас, як сол сармуҳаррири газетаи «Нури ҳақ»-и ноҳияи Айнӣ буд. Солҳои 1995 - 1998 раиси хоҷагии деҳқонии «Авсанъан» ва аз соли 1998 то 2004 мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ буд.

Дар коргоҳ
Дар коргоҳ

Дар соли 2005 зимни мақолаҳои муҳим ва интиқодии ӯ ба муқобилаш парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 26-уми июли ҳамон сол вай ба ду соли ҳабс маҳкум гашт. Он вақт бисёриҳо гумон надоштанд, ки ин ҳукм тағйир хоҳад хӯрд. Аммо афроде буданд, ки аз Ҷумъабой ва навиштаҳои ӯ ҳимоят мекарданд. Бо талоши якҷояи вакилони дифоъ ва мушовирони ҳуқуқӣ ва ҳамчунин бар пояи ҳамраъйии журналистони тоҷику эътирози созмонҳои дохилӣ ва ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот дар 16-уми декабри соли 2005 озод шуд.

Аммо дар ин байн ним солро дар маҳбаси шаҳри Истаравшан гузаронд ва азбаски бо мақомоти нерӯманде дасту панҷа нарм карда буд, борҳо хатаре ба миён афтод, ки ӯро аз нав зиндонӣ кунанд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон парвандаи ӯро баррасӣ карда, бегуноҳии журналистро ба исбот расонд. Ин мушкилот Толибовро аз роҳаш барнагардонд. Вай пас аз озодӣ ба навиштан идома дод ва баъд аз муддате ҳамкорӣ бо нашрияи “Фараж” мудири иҷроии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон таъйин шуд ва хабаргузории “Зарафшон-Таймс”-ро таъсис дод.

Солҳои охир Ҷумъаи Толиб раҳбари Дафтари мушовара, пажӯҳиши лингвистӣ ва таҳқиқоти журналистӣ ва ҳам сардабири ҳафтаномаи “Пайкон” буд. Вай ҳамчуин муаллифи матолиби зиёди танқидист, ки бо ин роҳ ба кори беҳтари идораву муассисаҳо ва мансабдорони давлат мусоидат мекард. Баҳсҳои зиёди додгоҳӣ ва мушкилоти нашрия ва инчунин баста шудани созмони ӯ, ки муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” буд, сабаб гардид, ки журналисти саршинос на танҳо аз кори дӯстдошта, балки саломатияш низ маҳрум гардад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG