Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Толибон ва Эрон дар пайи густариши робитаҳо ҳастанд


Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон гуфтааст, ки дар мулоқот бо намояндаи вижаи президенти Эрон барои Афғонистон, ба созиш расиданд, ки барои ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва муҳоҷирон, гурӯҳҳои корӣ ташкил шавад.

Муттақӣ рузи сешанбе пас аз мулоқот бо Ҳасан Козимии Қумӣ дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, бояд тимҳои корӣ ва фаннь таъсис, шавад то дар оянда барои густариши робитаҳо гуфтугӯ кунанд. Ҳасан Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи президенти Эрон барои Афғонистон ҳам дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки бо беҳбуди вазъи амниятӣ дар Афғонистон, муносибат бо дигар кишварҳо густариш меёбад ва замина барои пешрафт ҳам фароҳам мешавад.

Ӯ ҳамчунин ҳамчунин гуфтааст, ки Афғонистон дар рубаруи таҳдиҳои гурӯҳҳои террористии хориҷӣ қарор дорад. "Афғонистон мутаассифона таҳти фишори гурӯҳҳои террористии вобаста бо бегонагон аст. Агар сулҳ ва субот дар Афғонистон ҳоким шавад, воқеан бо субот дар минтақа кӯмак хоҳад кард. Ин амр роҳро барои бозсозӣ ва рушд дар Афғонистон ҳамвор хоҳад сохт ва ин ба Афғонистон иҷозат медиҳад, то муносибатҳои худро бо дигар кишварҳо густариш диҳад".

Ҳадафи намояндаи хоси Эрон барои Афғонистон аз гурӯҳҳои террористӣ, мумкин шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ аст, ки аз замони ба қудрат расидани дубораи Толибон дар ин кишвар, маъсулияти бархе аз ҳамлаҳои хунинро ба ӯҳда гирифааст. Дар ин ҳамлаҳо бештар шиаиён ҳадаф қарор гирифтанд.

Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини сарвазири ҳукумати Толибон ҳам бо Ҳасан Козимии Қумӣ мулоқот карда ва дар мавриди буҳрони иқтисодии ҷорӣ дар Афғонистон гуфтугӯ кардааст.

Режими Толибон байни солҳои 1996 то 2001 дар замони қаблии ҳокимияташон дар Афғонистон бо Эрон робитаҳои хуб надошт. Дар соли 1998 замоне, ки шаҳри Мазори Шариф дар ихтиёри Толибон буд, ҳашт дипломати эронӣ ва як хабарнигор дар консулгарии Эрон кушта шуданд.

Ин ҳодиса он замон режими Толибон ва Эронро ба сарҳади ҷанг наздик сохт, аммо ҳоло ба назар мерасад, ки Эрон дар талош аст, то барои таъмини амнияти худ, робитаҳои хуб ва наздик бо Толибон барқарор кунад.

Дар ҳамин ҳол, президентҳои Русия ва Эрон дар бораи омодагиашон барои кумак ба барқарории сулҳ ва субот дар Афғонистон сухан гуфтаанд. Ба гузориши хабаргузории русии ТАСС, Владимир Путин ва Иброҳим Раисӣ рузи душанбеи 16-уми ноябр дар мавриди Афғонистон телефонӣ суҳбат карданд.

Эрон ва Русия, ки пеш аз сарнагунии ҳукумати Ғанӣ дар Афғонистон, бо Толибон робитаҳо доштанд, хоҳони ташкили ҳукумати фарогир дар ин кишвар мебошанд. Толибон ҳукумати кунуниашонро ҳамашумул медонанд. Бо гузашти се моҳ аз суқути Кобул, то кунун ҳеҷ кишваре ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG