Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қазоқистон тасмим дорад, ба хоҳишмандон ваксинаи Pfizer-ро фурӯшад


Kazakhstan - Teenagers are being vaccinated with Pfizer in Almaty. 12 Nov 2021
Kazakhstan - Teenagers are being vaccinated with Pfizer in Almaty. 12 Nov 2021

Дар Қазоқистон хоҳишмандон метавонанд, ки ваксинаи Pfizer-ро бихаранд. Дар ин бора вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Тсой рӯзи сешанбе дар ҷаласаи ҳукумати он кишвар хабар дод.

Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин гуфт, пешниҳоди "фурӯши ваксинаи Pfizer-ро дастгирӣ мекунад". Арзиши ваксинзании пулакиро ҳукумати он кишвар ҳанӯз муайян накардааст.

Мақомоти Қазоқистон занони ҳомила, занони дорои кӯдакони ширхора ва наврасони аз 12-сола болоро шуруъ аз 12 ноябр ваксинаи истеҳсоли муштараки Олмону ИМА - Pfizer - мезананд. То ин замон 1560 кас дар Қазоқистон ваксинаи Pfizer гирифтааст.

XS
SM
MD
LG