Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико санҷиши кайҳонии Русияро сахт танқид кард


Истгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ
Истгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ

Иёлоти Муттаҳида санҷиши силоҳҳои кайҳонии Русияро танқид кард. Мақомоти Департаменти давлатии Амрико гуфтанд, ин озмоиш ҳаёт ва кори фазонавардони истгоҳи байнулмилалии кайҳониро бо хатар рӯбарӯ намуд.

Озмоиши Русия рӯзи 15-уми ноябр баргузор шуд.

Русия дар кайҳон ба муқобили яке аз ҳадафҳои худ санҷиш гузаронд, ки дар натиҷаи он дар мадор садҳо дона партови кайҳонӣ ба гардиш даромад.

Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатии Амрико, аз ин озмоише, ки онро як кори беандеша номид, танқид кард ва гуфт, ин амали Маскав хатар эҷод мекунад.

"Рафтори хатарнок ва бемасъулияти Русия суботи дарозмуддат дар кайҳонро бо хатар рӯбарӯ карда, ошкоро намоиш медиҳад, ки иддаои Русия дар заминаи гуё мухолифташ бо мусаллаҳкунии кайҳон як беинсофӣ ва риёкорӣ аст", -- афзуд ӯ.

Ҳанӯз дар ин замина мақомоти низомии Русия изҳори назар накардаанд. Оҷонси "Роскосмос" дар Твиттер навишт, истгоҳи кайҳонӣ дар макони амн қарор дошт.

НАСА – Оҷонси кайҳоншиносии Амрико гуфт, ба тими ҳафтнафарии фазорнавардон, ки чаҳор амрикоӣ, як олмонӣ ва ду нафар аз Русия шомил мебошанд, супориш дода шуд, дар як капсула ё қолаби амни кайҳонӣ паноҳ баранд.

Санҷиши силоҳҳои кайҳонӣ гапи нав нест. Бори аввал соли 1959 аввалин озмоиши маҳви сателитро дар кайҳон Амрико барпо карда буд ва ин замоне буд, ки маҳвораҳо дар илми низомӣ як падидаи наву ноошно буданд. Моҳи апрели имсол Русия як озмоиши дигарро барпо кард.

Вале санҷишҳои охир аз назари амният ва суботи дарозмуддати фаъолиятҳо дар кайҳон суоли зиёд эҷод мекунад. Кайҳон барои пешбурди фаъолиятҳои рӯзмарраи тиҷоратӣ ба монанди кори бонкдориву хадамоти GPS хеле муҳим дониста мешавад. Мақомот мегӯянд, фазои кайҳон то рафт бештар ба майдони ҷанг табдил мешавад.

XS
SM
MD
LG