Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден ва Си Ҷинпин онлайнӣ мулоқот карданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҷо Байден, президенти Амрико рузи душанбеи 15-уми ноябр дар мулоқот бо Си Ҷинпин, раҳбари Чин гуфт, ки умедвор аст, ки гуфтугӯҳои ошкору бепарда дар бораи ҳуқуқи башар ва масъалаҳои амниятӣ дошта бошанд.

Ҷо Байден дар ин дидор, ки аз тариқи видеоконфронс сурат гирифт, изҳор дошт, "шояд беҳтар бошад расмитар сухан бигӯям, агарчӣ ман ва шумо ҳеҷ вақт бо якдигар он қадар расмӣ бархӯрд накардаем".

Оқои Си Ҷинпин низ Ҷо Байденро "дусти қадимӣ"-и худ хонд ва гуфт, ки аз дидори ӯ хурсанд аст ва ду тараф бояд ба ҳадафи ҳаллу фасли чолишҳое, ки бо онҳо рӯбарӯ ҳастанд, тамосҳои худро бо якдигар бештар кунанд.

Президенти Амрико дар идома гуфт, ки ду раҳбар бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки муносибатҳои ду кишвар ба муқобилаи ошкор нарасад ва дар ин росто бояд аз ақли салим кор гирифта шавад.

Ӯ ҳамчунин хостори бартараф кардани нигарониҳои ИМА, аз ҷумла дар масъалаи ҳуқуқи башар ва масоили минтақаи Ҳинд ва Уқёнуси Ором шуд.

Ин гуфтугӯ бо ташаббуси Ҷо Байден сурат гирифт. Дар дақиқаҳои аввали гуфтугӯ шуморе аз хабарнигорон ҳузур доштанд ва баъдан гуфтугӯ ба таври хусусӣ идома ёфт.

Тарафҳо умедворанд, ки ин гуфтугӯҳо боиси коҳиши танишҳо байни ду кишвар шавад. Амрико ва Чин -- ду қудрати пешрафтаи иқтисоди ҷаҳон, аз ҷумла бар сари чигунагии паҳн шудани КОВИД-19, масъалаи Тайван ва масоили дигар бо ҳам ихтилоф доранд.

Ҳамчунин тибқи гузоришҳо, интизор меравад, ки Ҷо Байден ба Пекин фишор биёварад то қонунҳои байналмилалӣ дар арсаи тиҷорат ва амниятро риоят кунад.

XS
SM
MD
LG