Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон қурби рубли русӣ поин ва арзиши доллари амрикоӣ боло рафт


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Қурби рубли русӣ баъди ду ҳафтаи болоравӣ, дубора паст шуд. Ҳоло бонкҳои Тоҷикистон 1000 рубли русиро ба 155 сомону 50 дирам иваз мекунанд. Дар охири моҳи октябр 1000 рубли русӣ ба 160 сомонӣ мубодила мешуд. Мавзӯи пасту баланд шудани қурби рубл барои бештари оилаҳо дар Тоҷикистон муҳим аст. Наздиконаш аз Русия рубл мефиристанд ва бонкҳои Тоҷикистон ба онҳо сомонӣ медиҳанд. Наздикони муҳоҷирон аз боло рафтани қурби рубл хушҳолӣ доштанд, вале зоҳиран ин хурсандӣ дер давом накард. Қурби рубли русӣ дар ҳоле поин омад, ки арзиши доллар рӯ ба болост. Бонкҳои Тоҷикистон ҳоло 100 долларро ба 1129 сомону 80 дирам иваз мекунанд.

XS
SM
MD
LG