Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон барои бунёди варзишгоҳ дар Айнӣ аз Русия 40 ҳазор $ фиристоданд, вале он нотамом монд. Чаро?


Сохтмони варзишгоҳ дар ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ
Сохтмони варзишгоҳ дар ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, барои бунёди варзишгоҳе дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз Русия беш аз 40 ҳазор доллар фиристоданд, аммо мақомоти маҳаллӣ вазифаҳои худро иҷро накарда, сохтмонро нотамом гузоштанд. Муовини аввали раиси ноҳияи Айнӣ бовар дорад, ки пули фиристодаи муҳоҷирон кофӣ нест. Сохтмони варзишгоҳ соли 2019 оғоз шудааст.

Бар асоси нақша, варзишгоҳро барои сокинони деҳаҳои Махшевад, Ҳайронбед, Дижик, Нарвад, Тӯда ва Саратоқи ҷамоати Фондарё дуруст мекунанд. Ҷое, ки дар умум беш аз 15 ҳазор кас умр ба сар мебаранд.

Тақрибан 25 муҳоҷир аз ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ дар Русия гуфтанд, масъулияти онҳо аз фиристодани маблағу насби курсиҳо иборат буд, ки ба иҷро расонданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳукумат вазифадор будааст, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ ва таваққуфгоҳи мошинҳо бисозад.

Суҳроб Раҳматзода, муовини аввали раиси ноҳияи Айнӣ, гуфт, барои иҷрои нақша маблағи бештар зарур аст, аммо пули фиристодаи муҳоҷирон кам буду буҷаи давлатӣ бо мушкил рӯбарӯст.

"Шумо медонед, ки соли гузашта пандемия буд ва чӣ соли мушкиле буд. Маблағи буҷа асосан ба ин масъала сарф шуд. Ҳоло маблағи кофӣ нест. Бо пеш омадани имкони молӣ сохтмони ҳавзи шиноварӣ, парки мошинҳо ва толори варзиширо мебинем," -- мегӯяд Раҳматзода.

Муҳоҷирон аз ҳукумат хостаанд, ки ба сохтмон идома диҳад
Муҳоҷирон аз ҳукумат хостаанд, ки ба сохтмон идома диҳад

Муҳоҷирон аз ҷамоати Фондарё иддао доранд, ки ду сол пеш санадҳо омода шуда, аз буҷаи ноҳия барои сохтмон пул ҷудо гардида буд, "вале бо сабабҳои номаълум сарф нашуд". Мақомоти бахши сохтмони ҳукумати ноҳияи Айнӣ тасдиқ карданд, ки дар соли 2019 барои сохтмони варзишгоҳ (Наврӯзгоҳ) аз буҷа 200 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Онҳо мегӯянд, ин пулро ба сохтмони пойдевори майдон сарф карданд.

Хусрав Пирзода, яке аз муҳоҷирон, рӯзи 15-уми ноябр гуфт, агар ҳукумат сохтмонро идома надиҳад, бар асари борону сармо майдон хароб шуда, курсиҳо низ аз байн хоҳанд рафт.

"Агар хато накунам, майдон то ҷашни 30-солагии истиқлол пурра омода мешуд. Мувофиқи нақша ҳавзи шиноварӣ, парки мошинҳо, толори варзишӣ ҳам сохта мешуд, вале то ҳол ягон ҷавоби дақиқ нест. Агар пештар ба номаҳои мо посух медоданд, ҳоло дигар ҳеч ҳарфе намезананд," -- мегӯяд ӯ.

Пирзода, ки чанд рӯз пеш ба хотири огоҳӣ аз сохтмон аз Русия ба Тоҷикистон омадааст, мегӯяд, "ҳоло дар саҳни майдон чанд нафар хонаҳои истиқоматӣ сохтаанд".

Дар Тоҷикистон баъзе аз сокинон ва муҳоҷирон бо харҷи пасандозҳои шахсии худ корҳоеро ба мисли таъмири мактаб, тармиму асфалтпӯш кардани роҳ ва ё сохтмони пул ва кашидани хатти об иҷро мекунанд, ки аслан уҳдадории иҷтимоии давлат аст.

Чанде аз талабгорони зиёрати Ҳаҷ низ дар гузашта аз сафар даст кашида, маблағи онро барои иҷрои чунин корҳои иҷтимоӣ сарф кардаанд. Мунтақидон мегӯянд, ин бештар масъулияти мақомот аст. Намояндагони ҳукумат мегӯянд, ки кори хайр ихтиёрист.

XS
SM
MD
LG