Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайри муҳоҷирони тоҷик барои роҳу масҷид ва ятимон (ВИДЕО)


Ширинбек Бозоров (аз тарафи рост) мегӯяд, аз кӯчаи торик дилгир шуда буд.

Се ҷавон аз ноҳияи Фархор орзуи кӯдакии худро амалӣ ва кӯчаи назди манзилҳои падариашонро чароғон карданд. Баъди 20 соли торикии мутлақ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Фархор, се ҷавон аз ҳисоби даромадашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия дар зодгоҳи худ чароғ насб карданд.

Онҳо мегӯянд, тамоми солҳои кӯдакиашон ёд доранд, ки кӯчаи Турсунзода торик буд ва онҳое, ки шабона бо кадом зарурате берун мерафтанд, маҷбур буданд дар даст фонус бигиранд. Ин минтақа дар наздикии марзи Афғонистон воқеъ буда, дар ҳамин кӯчаи Турсунзода масҷиди панҷвақтаи ноҳия ва дидбонгоҳи сарҳадии рақами 3 ҷойгир аст. Раҳмон Ҳасанов, раиси маҳаллаи кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Фархор гуфт, бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ охирин чароғи кӯчаи онҳо ҳам хомӯш шуд.

Чароғҳое, ки кӯчаи Турсунзодаро шабонгоҳ чароғон мекунанд.
Чароғҳое, ки кӯчаи Турсунзодаро шабонгоҳ чароғон мекунанд.

"Муддати 20 сол кӯчаи мо равшаниро надида буд. Ин се ҷавон, ки ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, ба мо муроҷиат карданд ва гуфтанд, ки омода ҳастанд, пули насби чароғҳо бидиҳанд. Мо иҷозати шабакаҳои барқиро гирифтем ва пардохти маблағи барқро ҳам бачаҳо ба зимаи худ гирифтанд" - гуфт Раҳмон Ҳасанов.

Яке аз ин ҷавонҳо - Ширинбек Бозоров аст. Вай мегӯяд, дар давраи мактабхониаш дар дил орзу мекард, ки кӯчааашон мисли Душанбе чароғон бошад ва мардум бидуни тарсу ваҳм шабона ҳам аз ин ҷо гузар кунанд.

"Кӯдак будем. Вақте ба шаҳр мерафтем ва шабонгаҳ падар моро ба тамошо мебаровард, орзу мекардам, ки рӯзе кӯчаи мо низ дар деҳа равшан мешавад. Аммо ин орзу амалӣ нашуд ва аз кӯдакӣ дар дили ман монда буд. Бо ду рафиқи ҳамсояамон маслиҳат карда, симҳоро аз Русия ва лампаҳоро аз худи ноҳия харидорӣ карда, кучаамонро мисли шаҳр равшан кардем. Орзуи ман низ ҷомаи амал пӯшид» - гуфт, Ширинбек Бозоров.

Фонусҳороро ба таҳхона бурданд

Орзу мекардам, ки рӯзе кӯчаи мо низ дар деҳа равшан шавад.

Пирамардон мегӯянд, пештар аз рӯи одат бо фонусҳои хитоӣ ба кӯча мебаромаданд, вале ҳоло шароит дигар шудааст. Қурбон Давлатови 70-сола даст ба дуои ҷавонҳо бардошта мегӯяд, ин ҷавонҳо воқеан ҳам ватандӯстанд, чунки бо пайдо шудани имконияти аввалини молӣ, дар фикри ҳалли мушкили зодгоҳи худ шуданд.

Кори се ҷавони хайрхоҳ, ки аз ҳисоби даромадашон дар муҳоҷирати корӣ як мушкили умдаи ҳаммаҳаллаҳои худро ҳал кардаанд, дар Фархор ягона нест. Соҳибкори фархорӣ Диловар Муҳиддинов, ки дар Маскав тиҷорат мекунад, дар ноҳия сохтмони мактабу бемористон ва даҳҳо километр роҳи асфалтпӯшро маблағгузорӣ кардааст.

Пул барои мактаб, масҷид ва ятимон

Дар манотиқи дигари Тоҷикистон ҳам намунаҳои сармоягузории соҳибкорони муҳоҷир ба тарҳҳои иҷтимоии зодгоҳашон мушоҳида мешавад. Онҳо бештар барои барқарории роҳу пулҳо, сохтмони мактабу чойхона, ташкили хатнасури кӯдакони ятими маҳал ва сохтмони масҷидҳо пул медиҳанд.

Чанде пеш мақомоти Исфара аз соҳибкорон ва ҳам тоҷирони умдатан муҳоҷир даъват кард, барои сохтмони корхонаву муассиса ва корҳои дигари ободонӣ дар ин шаҳр 450 ҳазор доллар сармоягузорӣ кунанд. Соли гузашта соҳибкорони шаҳр ва умдатан бурунмарзӣ барои роҳу пулсозӣ ва кӯмак ба сокинони камбизоат 12 миллион сомонӣ сарф кардаанд.

Хайри муҳоҷирони тоҷик барои роҳу масҷид ва ятимон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG