Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҷасади додситони Дарвозро дар манзили зисташ пайдо карданд

Бахтиёр Ҳақназарзода

Тибқи гузоришҳо, додситон ё прокурори ноҳияи Дарвоз, Бахтиёр Ҳақназарзода, бар асари сӯхтор дар манзилаш ҷон бохтааст. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ҳодиса шаби гузашта дар шаҳраки Қалъаихум, маркази ноҳияи Дарвоз, рух додааст.

Тафсилоти ҳодиса то кунун дар даст нест ва мақомот ҳам то ба ҳол ҳодисаро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки Бахтиёр Ҳақназарзода дар чӣ шароите фавтидааст. Манобеъ дар Дарвоз гуфтанд, тафтиши ҳодиса шуруъ шудааст.

Бахтиёр Ҳақназарзода тақрибан панҷ сол боз прокурор ё додситони ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро буда, солҳо дар додситониҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Панҷ дар симматҳои мухталиф кор кардааст. Мушовири адлия (дараҷаи 2) буд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон рафтааст

Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 27-уми ноябр ба Туркманистон рафтааст. Мақомот гуфтанд, ӯ дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ иштирок хоҳад кард.

Вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод, нақлиёт, саноат ва раиси ширкати "Роҳи оҳан" низ ба Ишқобод (Ашхобод) рафтаанд.

Дафтари матбуоти президент гуфт, Эмомалӣ Раҳмон 27-уми ноябр бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, вохӯрда, ду тараф рушди робитаҳо дар бахши тиҷорату иқтисод, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, интиқоли бору мусофиркашонӣ ва истифода аз бандарҳои обии Туркманистонро баррасӣ карданд.

Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки аз 25-уми ноябр ба ин сӯ дар Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, гирдиҳамоии эътирозӣ ҷараён дорад, вале мақомот ҳеч шарҳе намедиҳанд.

Эътирозгарон талаб доранд, ки сабабгорони марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, боздошту муҷозот шаванд.

Додситонии Бадахшон рӯзи 25-уми ноябр гуфт, Зиёбеков дар кофтукоб буд ва ҳангоми амалиёти боздошт “муқобилият нишон доду захмӣ шуд”. Норозиён иддао доранд, ки ӯ қасдона кушта шудааст.

Дар се рӯзи охир дар бораи кушта ва захмӣ шудани чанд сокини дигар низ гузориш мерасад. Мақомот то ин дам маҷруҳ шудани панҷ корманди ниҳодҳои қудратӣ ва як вакили порлумонро дар Бадахшон тасдиқ кардаанд.

Дар кӯдакистонҳои Туркманистон дидани филмҳои русиро манъ карданд

Яке аз кӯдакистонҳо дар Туркманистон

Дар баъзе аз кӯдакистонҳои Туркманистон тифлонро аз дидани филмҳои тасвирии русӣ маҳрум кардаанд. Дар ин бора кормандони кӯдакистонҳо рӯзи 25-уми ноябр ба бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар доданд.

Дар робита ба намоиш додани филмҳои тасвирӣ бо забони русӣ дар вилояти Фороби Туркманистон чанд мураббии боғчаро аз кор рондаанд. "Нозирони маориф мураббияҳоро аз кор ронда, мудири боғчаҳоро танбеҳ доданд," -- гуфт як манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, нозирон ба мудирони боғчаҳои вилояти Фороб ҳушдор додаанд, ки аз ин ба баъд ба кӯдакон танҳо филмҳои тасвирӣ бо забони туркманиро нишон диҳанд.

Созиши Илҳом Алиев ва Никол Пашинян бо миёнравии Путин

Раҳбарони Русия, Арманистон ва Озарбойҷон. Акс аз бойгонӣ

Президентҳои Озарбойҷон ва Арманистон дар мавриди нишонагузории марзи миёни ду кишвар ва рушди робитаҳои иқтисодӣ ба созиш расидаанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 26-уми ноябр гуфтугузор барои тавофуқи миёни Илҳом Алиев ва Никол Пашинянро дар шаҳри Сочӣ мизбонӣ мекард.

Пас аз ин тавофуқ ҳар ду раҳбар ваъда додаанд, ки кумисюни давлатии ду кишварро барои таъини сарҳад ва таъмини амнияту субот дар марзҳои ду кишвар вазифадор хоҳанд кард.

Ҳафтаи гузашта дар марзи Озарбойҷону Арманистон даргирии маргбор рӯй дод.

Соле пеш ду кишвар бар сари минтақаи баҳсии Қарабоғи Кӯҳӣ 44 рӯз ҷанг карданд. Он замон бо миёнравии Русия тарафҳо оташбас эълон карданд, вале Алиев ва Пашинян дар дидори сесоатаи худ бо Владимир Путин гуфтаанд, ҳанӯз корҳои зиёде ҳал ношуда монд.

Тоҷикистон се шаҳрванди дастгиршудаи Қирғизистонро ба Бишкек супурдааст

Гузаргоҳи "Кулунду" дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистон се шаҳрванди Қирғизистонро, ки дар қаламрави кишвар дастгир шудаанд, ба Бишкек супурдааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми ноябр навишт, ки Қирғизистон дар навбати худ ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро ба Душанбе медиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон дар мавриди раҳоии се шаҳрванди Қирғизистон чизе нагуфтанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар эъломияе навишт, ки ҷонибҳо рӯзи 26-уми ноябр масъалаи баргардондани шаҳрвандони дастгиршудаи ду кишварро баррасӣ карданд.

“Худи ҳамон рӯз дар гузаргоҳи “Кулунду” марзбонони тоҷик се шаҳрванди Қирғизистонро ба ҳамкорони қирғизашон супурданд. Тавре зикр гардид, се нафари дигар аз қирғизистониён дар ояндаи наздик ба ватан баргардонида мешаванд,” – гуфта шудааст дар эъломияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ба иттилои Хадамот, тарафҳо ҳамчунин мушкилоти марбут ба корҳои сохтмонӣ дар шоҳроҳи Борбордуқ-Арка (Хуҷанд-Конибодом)-ро баррасӣ кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, барои қатъи корҳои сохтмонӣ чора меандешад.

Мавзӯи дигари дидор тахриби қитъаи роҳи оҳани Сулукту-Пролетар будааст, аммо ҷузъиёташ маълум нест.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, бино ба гузоришҳо, то имрӯз ҳудуди даҳ шаҳрванди Қирғизистон аз сӯи Тоҷикистон боздошт шуда, чаҳор нафар аз 2,5 то 5 сол маҳкум шудаанд.

Дар айни замон Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон – Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро бо гуноҳи “ҷиноят алайҳи сулҳ” ва “ғоратгарӣ” ба ҳабси абад маҳкум кард. Наздиконашон бо ҳукм розӣ нестанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки бозбинии ҳукмро талаб доранд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дошта, танҳо 519 километри онро таъину нишонагузорӣ кардаанд. Минтақаҳои номуайян ва баҳсӣ дар марз пайваста боиси ҷанҷолу тирпаронӣ мешавад.

Бар асари задухӯрд дар охири моҳи апрели имсол дар сарҳад 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Қирғизистон дар бораи кушта шудани 36 нафар (аз ҷумла ду кӯдак) ва захмӣ шудани 154 кас хабар дод.

Робитаҳои Душанбеву Бишкек дар ҳоли ҳозир сарду печида мемонад. Қирғизистон марзашро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон бастааст ва ду кишвар барои боздошт ва истирдоди шаҳрвандони якдигар дар кишвари севум, Русия, часпу талош доранд.

Ҳушдори НАТО ба Маскав дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина. Акс аз моҳи сентябри 2021

НАТО ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи ҳамлаи эҳтимолии Русия бар ҳамсояаш – Украина – ҳушдор доданд.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, рӯзи 26-уми ноябр ба хабарнигорон гуфт, Русия барои омодагӣ ба ҳамла дар марзҳои Украина сарбозу тонк, силоҳҳои вазнин ва муҳиммот ҷобаҷо кардааст.

Вай ҳушдор дод, ки истифода аз нерӯ ба зидди Украина барои Русия хеле гарон тамом шуда, ин кишварро бо пайомадҳои ногуворе рӯбарӯ хоҳад кард.

Ҳамзамон муовини вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи ҷумъа гуфтааст, дар натиҷаи афзоиши танишҳо, агар НАТО маҷбур ба вокуниш шавад, "дар он сурат ба ҳар гузина ё интихоб омодагӣ дорад".

Қарор аст, нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви НАТО рӯзи 30-юми ноябр дар шаҳри Рига, пойтахти Латвия, баргузор шавад. Ҳаракатҳои Русия алайҳи Украина яке аз мавзуъҳои асосии нишаст хоҳад буд.

Ироқ гуфт, шаҳрвандони бандмондаашро аз Беларус мебарад

Муҳоҷирони бандмонда дар марзи Беларус ва Полша. Акс аз 8-уми ноябри 2021

Ироқ барои бурдани беш аз 800 шаҳрванди бандмондааш дар марзи Беларус ва Лаҳистон (Полша) ҳавопаймо мефиристад.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ироқ рӯзи 26-уми ноябр гуфт, пештар наздик ба як ҳазор муҳоҷири ироқиро ба хона бозгардонда буданд, ки аксари онҳо курдҳо ҳастанд. Вай афзуд, 861 муҳоҷири дигар ба он кишвар бурда хоҳанд шуд.

Дар ҷараёни таниш миёни Беларус ва Иттиҳоди Аврупо ҳазорон муҳоҷир аз Ховари Миёна дар ҳавои сард дар хаймаҳо дар Беларус ба сар мебаранд.

Иттиҳоди Аврупо ҳукумати Беларус ба раҳбарии Александр Лукашенкоро муттаҳам мекунад, ки барои қасосгирӣ аз таҳримҳои ин Иттиҳод муҳоҷиронро асосан аз Ховари Миёна ба марзҳои Полша, Латвия ва Литва мефиристад. Иддаое, ки Минск рад кардааст.

Иттиҳоди Аврупо дар вокуниш ба саркӯби мухолифин дар бештар аз як соли охир дар Минск бар зидди Беларус ва шахсиятҳои алоҳидаи он кишвар таҳрим ҷорӣ кард.

Амрико вуруди мусофиронро аз Африқои Ҷанубӣ маҳдуд кард

Акс аз бойгонӣ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо нигаронӣ аз паҳншавии навъи ҷадиди коронавирус вуруди одамонро аз Африқои Ҷанубӣ маҳдуд кардааст.

Иқдоми Кохи Сафед рӯзи 26-уми ноябр эълон шуд. Президент Ҷо Байден гуфт, ин чораи эҳтиётӣ аст.

Чанде аз кишварҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла Канада, Русия, Бразилия, Бритониё, Туркия ва Австралия, низ вуруди афрод аз кишварҳои ҷануби Африқоро манъ кардаанд.

Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мувофиқа кардаанд, ки парвозҳоро аз ҳафт кишвари африқоӣ бозмедоранд. Ин дар ҳолест, ки Белгия, узви Иттиҳоди Аврупо, аллакай дар бораи як мавриди гирифторӣ ба навъи ҷадиди вирус хабар додааст.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ навъи нави коронавирусро дар баландтарин сатҳи нигаронии худ қарор додааст. Созмон мегӯяд, ҳолати аввалини сирояти вируси нав 9-уми ноябр дар Африқои Ҷанубӣ шиносоӣ шуд.

Қазияи Хоруғ. Тазоҳурот ва ҷанҷоли ҷавонон дар назди дафтари СММ дар Душанбе. АКС, ВИДЕО

Назди Дафтари СММ дар Душанбе, 27-уми ноябри 2021

Як гурӯҳ аз ҷавононе, ки шумораашон ба тақрибан 70-80 нафар мерасид ва зоҳиран "давлатӣ" буданд, рӯзи 27-уми ноябр дар пайванд ба ҳодисаҳои Хоруғ дар назди дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе ҷамъ омаданд. Онҳо бо нидо ва навиштаҳои "Бадахшон як пораи Тоҷикистон аст" ва "Ҷинояткорон бояд ҷазо гиранд" шиор медоданд ва дар даст акси панҷ корманди захмишудаи ниҳодҳои қудратӣ дар Бадахшонро доштанд.

Наворро дар инҷо бинед:

Тазоҳуроти "ҷанҷолӣ" дар назди дафтари СММ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:07 0:00

Шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷавонон дари дафтари Созмони Милалро бо лагад мезаданд, аммо мақомоти интизомӣ ба ҷараёни он дахолат надоштанд. Чанде аз наворбардорони касбӣ низ дар маҳалли ҳодиса мушоҳида шудаанд.

Дар ҳамин ҳангом як гуруҳи тақрибан даҳнафарии ҷавонони зодаи Бадахшон бо тазоҳургарон вориди баҳс шуда, чанде аз шиорҳои онҳоро гирифтаанд. Онҳо аз шеваи эътироз ва талабҳои, ба гуфтаашон, ноҷои тазоҳургарон норозиянд.

"Дар ҳамин вақт маъмурони милиса омада, аз ду тараф тақрибан бист ҷавонро ба мошин бор карда бурданд. Эътирозгарони дигар зуд пароканда шуданд," -- нақл кард яке аз шоҳидон.

Дар Тоҷикистон, ки ҳама арсаҳо зери назорати сахти мақомот қарор дорад, тазоҳуроти беиҷоза мамнуъ аст. Айни гирдиҳамоиҳо дар гузашта дар назди қароргоҳи Созмони Амниятва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, сафорати Амрико, Созмони Милал ва сафорати Эрон дар Душанбе сурат гирифтааст.

Чунин гирдиҳамоиҳо асосан дар пайванд ба мавзуъҳои мухолифин ва мудофеони ҳуқуқи башар анҷом шуда, иштирокдоронаш дар гузашта як гуруҳ аз занону мардон ва ҷавонони гуруҳи "Авангард", созмони зери назорати мақомоти умури дохилӣ, буданд.

Он вақт бисёриҳо чунин гирдиҳамоиҳоро "саҳнасозии мақомоти расмӣ” медонистанд, чун мақомот ҳеч вақт ба баргузории пикету эътирозҳо дар кишвар иҷозат надодаанд. Мақомот ҳамвора эътирозҳоро "худҷӯш" номидаанд.

Тазоҳуроти рӯзи 27-уми ноябр дар назди дафтари Созмони Милал дар ҳоле баргузор шуд, ки аз ҳодисаҳои Хоруғ се рӯз мегузарад, вале мақомоти Тоҷикистон ба ҷуз як хабарномаи расмӣ шарҳи дигаре надодаанд. Дар замоне ки ҳукумати марказиву маҳаллӣ ва мақомоти қудративу интизомӣ хомӯшанд, Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи шанбе дар баёнияе гуфт, "мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ниҳодҳои қудратии дахлдор барои ҳалли ин қазия талош доранд."

Сокинони Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа рӯзи 25-уми ноябр баъди он эътироз карданд, ки ба гуфтаи онҳо Гулбиддин Зиёбекови 29-сола қасдан кушта шудааст. Додситонии вилояти Бадахшон мегӯяд, ӯ дар кофтукоб буд ва ҳангоми амалиёти боздошт муқобилият нишон доду захмӣ шуд. Мардуми норозӣ дар Хоруғ ба ин фарзия бовар надоранд ва муҷозоти сабабгорони марги Зиёбековро талаб доранд.

Аз тариқи Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон орд мефиристанд

Акс аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Нахустин кӯмакҳои башардӯстона аз тариқи хоки Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол меёбад. Ин ёриҳо аз 2500 тонна орд иборат аст ва аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон дода мешавад.

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, кӯмаки мазкур ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода мешавад.

“Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ як созмон ва давлати кӯмакрасон ба минтақаҳои мазкури Афғонистон дастрасӣ надоранд. Бинобар ин Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод пешниҳод намояд,”-омадааст дар хабарномаи вазорат.

Кӯмакҳои башардӯстона дар ҳоле ба Афғонистон интиқол меёбанд, ки вазъи мардум дар ин кишвар баъди ба қудрат расидани Толибон бамаротиб вазнинтар шудааст. Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, аксари аҳолии Афғонистон феълан ба кӯмакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Толибон аз нимаи моҳи август қудрат дар Афғонистонро ба даст гирифтаанд, вале то ҳол ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Созмонҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, бидуни ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон ба мардуми Афғонистон кӯмак мекунанд.

Президенти Қирғизистон дастур дод, барои 110 ҳазор хонавода қимати барқ арзон шавад

Содир Ҷабборов

Дар Қирғизистон, мумкин аст, аз 1-уми январ арзиши неруи барқ барои хонаводаҳои камбизоат аз 77 тийини ҳозира барои ҳар киловат соат то ба 50 тийин пойин оварда шавад.

Дар ин бора Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 26-уми ноябр ба ҳукумати кишвараш дастур дод. Ин дар ҳолест, ки Ҷабборов пештар гуфта буд, бидуни боло бурдани нархи барқ наметавон соҳаи энержиро рушд дод ва вай ҷонибдорони арзон кардани қимати неруи барқро ба авомфиребӣ гунаҳкор карда буд.

"Бояд ба хонаводаҳои камбизоат таваҷҷуҳи бештар равона карда шавад. Ҳама чиз қимат шуд, мо 110 ҳазору 518 хонаводаи камбизоат дорем, ки бояд кумаку пуштибонӣ бинанд. Мушкилии ин хонаводаҳо бештар аз дигарон аст. Агар ҳар кадом хонавода 5 узв дошта бошад, пас, онҳо бештар аз 500 ҳазор ҳастанд. Аз ҳамин хотир, биёед аз 1-уми январ қимати неруи барқи онҳоро пойин барем", - муроҷиат кард Ҷабборов ба намояндагони вазорати энержии кишвараш.

Дастури пойин овардани қимати неруи барқ дар ҳолест, ки дар Қирғизистон камбуди ҷиддии нерӯи барқ мушоҳида мешавад. Мақомоти энержии Қирғизистон аз сокинон даъват доранд, ки дар истифодаи неруи барқ сарфакор бошанд.

Идомаи эътирозҳо дар Хоруғ. Манбаъ: "Музокирот бенатиҷа поён ёфт" ВИДЕО

Шаҳри Хоруғ

Музокироти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомот дар мавриди ҳодисаҳои ду рӯзи охир дар шаҳри Хоруғ шоми 26-уми ноябр ба поён расидааст.

Як узви гурӯҳи корӣ ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "музокирот бенатиҷа анҷом шуд." Мақомот дар бораи музокирот ва натиҷаҳои он ба таври расмӣ чизе нагуфтанд.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, дар нишаст сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд Абдулло Навҷувонов, вазири энергетика Далер Ҷумъа ва вакили Маҷлиси Намояндагон аз ВМКБ Азиз Гиёев иштирок доранд. Гуфта мешавад, мехоҳанд, ба раванди музокирот раиси пешини ВМКБ Ёдгор Файзовро низ ҷалб кунанд.

"Эътирозгарон талаб карданд, ки баргузории гирдиҳамоӣ расмӣ карда шавад, то дар оянда иштирокчиёни он таҳти таъқиб қарор нагиранд, вале пазируфта нашуд," -- гуфт мусоҳиби мо.

Аз он пештар Бахтовар Бахтиёров, яке аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ ва иштирокдори мулоқот, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз раиси вилоят, Алишер Мирзонаботов, хостаанд, ба назди эътирозгарон барояд, вале ӯ рад кардааст. Раиси вилоят ва мақомоти дигар барои шарҳи масъала то ин дам дастрас нестанд.

Идомаи эътироз дар Хоруғ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Бахтиёров мегӯяд, рӯзи 25-уми ноябр низ бо Мирзонаботов мулоқот доштанд ва ӯ пешниҳоди бас кардани оташкушоиро ба тарафи мардум пазируфта буд. "Мирзонаботов дар назди мо ба милисаҳое, ки дар атрофи майдон буданд, занг зад ва гуфт, тиркушоӣ накунанд. Баъд аз он то кунун тиркушоӣ рух надодааст. Мо имрӯз мехоҳем, Интернет барқарор карда шуда, роҳи ҳалли мушкили пешомада ёфта шавад," – гуфт ӯ.

Бар илова сокинон хостаанд, посгоҳҳои назоратӣ дар шаҳри Хоруғ бардошта шаванд. Яке аз эътирозгарон рӯзи 26-уми ноябр дар майдони марказии Хоруғ гуфт: "Будани постгоҳҳо барои мардум хатар эҷод мекунанд. Аз ин роҳҳо хонандагони мактаб ва шаҳрвандони одӣ мегузаранд. Ҳар лаҳза эҳтимоли таниш ва тирпаронӣ вуҷуд дорад. Талаби мо ин аст, ки тамоми постгоҳҳоро бардоранд. Ин хатарҳои эҳтимолиро кам мекунад. Ин талаби қатъӣ аст."

Вай ҳамзамон афзуд: "Сокинон ҳеч вақт тарафдори нооромӣ набуданд ва нестанд, аммо ба ин нигоҳ накарда, мардумро бе ягон айбу гуноҳ дар хонаҳояшон паронда истодаанд. Чӣ гуна метавон дар ин вазъият орому хунсард монд? Ҳатман бояд касе ҷавоби ин ҷиноятро бидиҳад."

Садҳо нафар ду рӯз боз дар шаҳри Хоруғ ҷамъ омадаанд. Онҳо аз он эътироз доранд, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми амалиёти ниҳодҳои қудратӣ кушта шудааст.

Додситонии Бадахшон амалиётро тасдиқ кард, аммо дар баёнияи расмӣ танҳо захмӣ шудани Зиёбековро зикр намуд. Додситонӣ гуфт, Зиёбеков ва чанде аз ҳамроҳонаш бо гумони гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаву адовати миллӣ дар кофткоб буданд.

Рӯзи 26-уми ноябр дар бораи кушта шудани ду нафари дигар гузориш расид. Мақомот дар бораи захмӣ шудани 5 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар дода, дар бораи ҳалокшудагон иттилое надоданд.

Бахтовар Бахтиёр мегӯяд, "дар ҳоли ҳозир наздик ба чаҳор ҳазор нафар дар майдони марказии шаҳри Хоруғ ҷамъ шудаанд."Тасдиқи дурустии ин шумора феълан ғайриимкон аст.

Бино ба наворҳое, ки рӯзи 26-уми ноябр аз Хоруғ дастраси мо шуд, дида мешавад, дар назди тазоҳургарон ду тобут гузошта шудааст. Онҳо 25-уми ноябр тобути Гулбиддин Зиёбековро бо худ ба майдон оварда буданд.

Намуди нави COVID-19 дар Африқои Ҷанубӣ шиносоӣ шуд

Донишмандони Африқои Ҷанубӣ гуфтанд, ки як намуди нави вируси COVID-19-ро шиносоӣ карданд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ин навъи нави вирусро назорат мекунад ва дар ин бора нишасти изтирорӣ баргузор хоҳад кард. Дар нишаст паҳншавии вируси нав баҳс мешавад.

Мариа Ван Керхове, масъули бахши техникии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар масъалаи коронавирус, дар як нишасти хабарии онлайн рӯзи 26-уми ноябр гуфт, "вақте гирифторони зиёд доред, метавонад, бар шеваи рафтори вирус таъсир бигузорад."

Ин намуди нави коронавирус аз ҳама бештар дар вилояти сераҳолии Гаутенг дар Африқои Ҷанубӣ, ки пойтахти ин кишвар низ шомили он мебошад, паҳн шудааст.

Профессор Тулио Де Оливейра, масъули маркази вокуниш дар баробари бемориҳои сироятӣ дар Африқои Ҷанубӣ навъи нави вируси COVID-19-ро нигаронкунанда ва фарқкунанда аз навъҳои дигари он хондааст.

Ҳукумати Бритониё эълон кард, ки аз 26-уми ноябр парвозҳоро аз Африқои Ҷанубӣ ва панҷ кишвари дигари африқоӣ манъ мекунад.

Ҳалокати 52 кас дар таркиши кон дар Русия

Акс аз соли 2018

Мансабдорони Русия расман эътироф карданд, ки дар натиҷаи садама дар яке аз конҳои минтақаи Кузбаси ин кишвар 52 нафар ҷон бохтаанд. 35 корманди кон ҳанӯз ҳам дар зери замин мебошанд, вале сарнавишти онҳо маълум нест.

Афсарони хадамоти наҷоти вилояти Кемеровои Русия иброз доштанд, ки 25-уми ноябр бар асари садама дар кони "Листвяжная" 45 корманди кон ва 6 афсари хадамоти изтирорӣ ҳалок шуднд.

Тибқи иттилои расида, рӯзи панҷшанбе дар ин кон таркиши метан ва баъд аз он сӯхтор ба вуқуъ пайваст. Он замон дар кон 285 нафар ҳузур доштанд.

Аксар кормандони кон аз ҷумла 11 қурбониро аз кон ба берун бароварданд. Кумитаи тафтишотии Русия бо иттиҳоми беэътиноӣ ба талаботи амниятии корхонаҳои саноатӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Раиси кон ва чанд мақомдори дигар боздошт шудаанд.

Дар ду соли охир муфаттишон дар ин кон даҳҳо камбуди фанниву амниятӣ пайдо карда буданд.

Феълан бо ишора ба хатари таркиши метан амалиёти наҷот дар кон барои се рӯз боздошта шудааст. Дар минтақаи Кемеровои Русия ба ёди қурбониҳои фоҷеа рӯзи мотам эълон шуд.

Рӯзи дувуми тазоҳурот дар маркази Бадахшон. Талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомот. ВИДЕО

Шаҳри Хоруғ. Акс аз корбарон

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори дуюм аз раиси вилоят, Алишер Мирзонаботов, хостаанд, ки ба назди эътирозгарон барояд.

Садҳо нафар ду рӯз боз дар шаҳри Хоруғ ҷамъ омадаанд. Онҳо эътироз доранд, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми амалиёти ниҳодҳои қудратӣ кушта шудааст. Додситонии Бадахшон амалиётро тасдиқ кард, аммо дар баёнияи расмӣ танҳо захмӣ шудани Зиёбековро зикр намуд.

Ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар мулоқоти рӯзи 26-уми ноябр бо раиси вилояти Бадахшон, вазири энергетика Далер Ҷумъа, вакили порлумон Азиз Гиёев ва ду вакили маҳаллӣ аз ноҳияи Роштқалъа ҳузур доштанд.

Бахтовар Бахтиёров, яке аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ ва иштирокдори мулоқот, рӯзи 26-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Алишер Мирзонаботов дар ҳузури ҳама ба талабҳои мардум, хусусан барои мулоқот бо онҳо, ҷавоби рад дода, гуфтааст, "чунин салоҳиятро надорад". Раиси вилоят ва мақомоти дигар барои шарҳи масъала то ин дам дастрас нестанд.

Бахтиёров мегӯяд, рӯзи 25-уми ноябр низ бо Алишер Мирзонаботов мулоқот доштанд ва ӯ пешниҳоди бас кардани оташкушоиро ба тарафи мардум пазируфтааст. "Мирзонаботов дар назди мо ба милисаҳое, ки дар атрофи майдон буданд, занг зад ва гуфт, тиркушоӣ накунанд. Баъд аз он то кунун тиркушоӣ рух надодааст. Мо имрӯз мехоҳем, Интернет барқарор карда шуда, роҳи ҳалли мушкили пешомада ёфта шавад," – гуфт ӯ.

Наворро дар инҷо бинед:

Идомаи эътироз дар Хоруғ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеи худ мегӯяд, раиси вилоят Алишер Мирзонаботов рӯзи панҷшанбе ба намояндагони эътирозгарон гуфтааст, дар бораи нақшаи боздошти Гулбиддин Зиёбеков хабар надошт, зеро бо сафари корӣ дар ноҳияи Мурғоб буд.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, раиси вилоят ваъда додааст, ки дар муддати 2-3 моҳи наздик тафтиши қазия ва ҳамчунин тирпаронӣ дар майдонро анҷом хоҳанд дод. Аммо намояндагони эътирозгарон талаб кардаанд, ки таҳқиқ дар рӯзҳои наздик анҷом шуда, омилони қатли Гулбидддин Зиёбеков ва тиркушоӣ ба сӯи тазоҳургарон боздошт ва муҷозот шаванд.

Додситонии вилояти Бадахшон мегӯяд, Зиёбеков ва чанде аз ҳамроҳонаш бо гумони гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаву адовати миллӣ дар кофткоб буданд.

Дар пайи кушта шудани Гулбиддин Зиёбекови 29-сола дар ноҳияи Роштқалъа, садҳо нафар ду рӯз боз дар назди бинои ҳукумати вилояти Бадахшон ҷамъ шудаанд. То ин дам дар бораи кушта шудани ду нафари дигар гузориш расидааст. Мақомот дар бораи захмӣ шудани 5 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар дода, дар бораи ҳалокшудагон чизе намегӯянд.

Бахтовар Бахтиёр мегӯяд, “дар ҳоли ҳозир наздик ба чаҳор ҳазор нафар дар майдони марказии шаҳри Хоруғ ҷамъ шудаанд.” Тасдиқи дурустии ин шумора феълан ғайриимкон аст.

Бино ба наворҳое, ки рӯзи 26-уми ноябр аз Хоруғ дастраси мо шуд, дида мешавад, дар назди тазоҳургарон ду тобут гузошта шудааст. Онҳо 25-уми ноябр тобути Гулбиддин Зиёбековро бо худ ба майдон оварда буданд.

15 касро дар Қирғизистон бо гумони "омодагӣ ба ғасби ҳукумат" дастгир карданд

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон хабар дод, ки якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ аз фаъолияти гуруҳе пешгирӣ кардааст, ки ба ғасби худсаронаи ҳукумат дар он кишвар омодагӣ медид.

КДАМ гуфт, ин афрод нақша доштанд, "вазъи иҷтимоиву сиёсии кишварро баъди интихоботи порлумонӣ ба ҳам зада, ҳукуматро ғасб кунанд".

Дар робита ба ин ҳодиса КДАМ бо парвандаи "Омодагӣ ба ғасби худсаронаи ҳукумат" парванда кушодааст.

Тафтишот хабар медиҳад, "далелҳои раднашаванда"-е аз фаъолияти гуруҳи ҷиноӣ ба даст овардааст, ки миёни аъзои гуруҳи ҷиноӣ вакилони порлумон ва мансабдорони пешин низ ҳастанд.

"Муайян карда шуд, ки баъди эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ, гуруҳи мазкур бо пуштибонӣ аз номзадҳое, ки дар интихобот пирӯз нашудаанд, дар ҳудуди шаҳри Бишкек гирдиҳамоӣ ташкил мекунад ва вазъро ноором карда, ҳукуматро ғасб менамояд", - хабар доданд аз КДАМ.

Барои ташкили гирдиҳамоӣ, ба иттилои мақомоти Қирғизистон, гуруҳи мазкур ҳазор касро киро карда, онҳоро омӯзиш додааст.

Рӯзи 26-уми ноябр КДАМ ва Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҷойи зист ва биноҳои иҷораи фаъолони эҳтимолии гуруҳи мазкурро бозҷӯӣ ва асноду аслиҳа мусодира кардаанд.

Дар натиҷа 15 кас боздошт шудааст. КДАМ аз боздоштшудаҳо ва гумонбарон ном набурдааст.

Қазоқистон аз Чин барқарорсозии интиқоли молро дархост кард

Аскар Мамин

Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин 25-уми ноябр дар ҷаласаи раҳбарони ҳукумати кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аз мақомоти Чин даъват кард, дар барқарорсозии интиқоли мол миёни ду кишвар мусоидат намоянд.

"Аз ҳамтоёни чинии худ дархост кард, роҷеъ ба барқарорсозӣ ва афзоиши интиқоли мол, ки ба ҳаҷми савдо дар ҳамаи минтақаҳо таъсири мусбат мегузорад, чораҳои фаврӣ андешанд," -- иттилоъ додааст хадамоти матбуотии сарвазири Қазоқистон.

Дар бораи он ки мақомоти Чин ба ин дархост чӣ посух додаанд, иттилоъ дода намешавад.

Чин аз охирҳои соли гузашта бештари маҳсулоти Қазоқистон, аз ҷумла ғалладона, металҳои ранга ва нуриҳои маъданиро, ки дар вагонҳои пӯшида интиқол меёбанд, бо баҳонаи эҳтимоли сирояти коронавирус қабул намекунад.

Тоҷирони қазоқ, ки тавассути роҳи оҳан мол содир мекунанд, мегӯянд, дар натиҷа зиёни бузург дидаанд.

Президенти Туркманистон аз писараш хост, бахши нафту газро назорат кунад

Сардор Бердимуҳаммадов

Президенти Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ба писараш сарвазир Сардор Бердимуҳаммадов дастур дод, ки маҷмааи нафту гази ин кишварро назорат кунад.

Дар ин бора нашрияи ҳукуматии "Нейтральный Туркменистан" иттилоъ додааст.

Туркманистон яке аз захираҳои бузурги гази табиӣ дар ҷаҳонро дошта, чаҳорумин кишвари содиркунандаи он шумурда мешавад. Даромади асосии буҷаи ин кишвар аз ҳисоби фурӯши гази табиӣ аст. Вале бино ба гузориши созмони ҳомии ҳуқуқи "Crude Accountability", то 80 дарсади пули газ ба иқтисоди соягӣ, аз ҷумла буҷаи шахсии Бердимуҳаммадов ва хонаводаи ӯ меравад

Даромади буҷаи давлати Туркманистон давоми чандин сол аст, пайи ҳам поин меравад ва ин кишвар бо буҳрони сахти иқтисодӣ, аз ҷумла норасоии маводи ғизоӣ рӯбарӯ шудааст. Дар ҳоли ҳозир иқтисоди Туркманистонро Бердимуҳаммадови хурдӣ раҳбарӣ мекунад.

Сардор Бердимуҳаммадов чанде пеш ба мақоми ноиб-сарвазир дар умури иқтисодӣ, масоили бонкӣ ва созмонҳои байналхалқии молӣ таъин шуд. Ин дувумин таъиноти Сардор ба мақомҳои болоӣ дар ним соли охир аст.

Моҳи феврали имсол писари Бердимуҳаммадов ба мақоми раисии Палатаи олии назорати Туркманистон таъйин шуда буд.

Аз моҳи феврал ба ин сӯ Сардор Бердимуҳаммадов борҳо ҳайати ҳукуматии Туркманистонро дар сафарҳои хориҷӣ роҳбарӣ кард.

Сардор Бердимуҳаммадов фаъолияти сиёсиашро соли 2016 шуруъ кард.

Дар Тоҷикистон 50 касро барои саркашӣ аз хидмат ба ҷавобгарӣ кашидаанд

Акс аз бойгонӣ

Додситониҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 50 ҷавонро барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ (дар мавсими даъвати имсолаи баҳорӣ) ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25-уми ноябр хабар дод, ки дар даъвати баҳории соли 2021 дар кишвар 2427 даъватшаванда "бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ" ба артиш бурда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, шуморе аз даъватшавандаҳо ҳанӯз аз хидмат дар сафи артиш худдорӣ карда, ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир нашудаанд ва бинобар ҳамин, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Даъват ба сафи артиш дар Тоҷикистон дар баҳору тирамоҳ сурат мегирад. Ба гуфтаи сокинон тариқи зӯр ё сарбозшикор (облава) ба артиш бурдани ҷавонон низ ҷой дорад.

Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. Феълан маълум нест, ки чӣ тедоде аз хоҳишмандон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд.

Қирғизистон ду гузаргоҳи марзӣ бо Узбекистонро муваққатан мебандад

Яке аз гузаргоҳҳо миёни Узбекистон ва Қирғизистон.

Хадамоти гумруки Қирғизистон иттилоъ додааст, ки гузаргоҳҳои марзии "Узбекистон-Автодорожный" ва "Қизил-Кия-Автодорожный"-и ин кишвар бо Узбекистон аз 1 то 3 декабри соли равон баста мешаванд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ин ниҳод, гузаргоҳҳо ба далели анҷоми корҳои бозсозӣ ва таъмири роҳ баста хоҳанд шуд.

Интиқоли мол миёни ду кишвар дар рӯзҳои баста будани гузаргоҳҳои мазкур тавассути гузаргоҳи "Достук-автодорожный" сурат хоҳад гирифт.

Гузаргоҳҳои "Узбекистон-Автодорожный" ва "Қизил-Кия-Автодорожный" аз 4 декабр дубора боз мешаванд.

Шаҳрдори Маскав хост, шумораи муҳоҷирон дар хадамоти коммуналӣ кам карда шавад

Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна дар Маскав. Акс аз бойгонӣ.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфт, хадамоти коммуналии ноҳияҳои пойтахти Русия имкони коҳиш додани кормандони худ аз ҳисоби муҳоҷирони кориро доранд.

"Дар хадамоти коммуналии шаҳрҳои бузург муҳоҷирон тақрибан намондаанд. Онҳо танҳо дар сатҳи хадамоти коммуналии ноҳиявӣ, ки онҷо корҳои зиёди фаррошӣ, "сиёҳ" ва каммузд ҳаст, боқӣ мондаанд. Вале дар онҷо низ захираи кадрҳо ҳаст, ки мо метавонем истифода кунем", - изҳор дошт Собянин дар суҳбат бо РИА Новости.

Шаҳрдори Маскав пештар даъват карда буд, ки шумори муҳоҷирони корӣ дар сохтмонҳои пойтахти Русия кам карда шавад. Ӯ пешниҳод кард, ки дар ивази муҳоҷирон бештар сокинони Русия аз минтақаҳои дигари ин кишвар ҷалб шаванд. Аммо, бино ба оморҳо, камбуди неруи корӣ дар саросари Русия мушоҳида мешавад.

"Одамони дорои сифати дигар, бо маоши дигар даркор ҳастанд, на муҳоҷирон, ки айни замон онҳоро зиёд дорем", - гуфт Собянин рӯзи 17 ноябр ҳангоми боздид аз як бинои навсохт дар Маскав.

Ибтидои моҳи ноябри соли ҷорӣ Андрей Бочкарёв, ноиб-раиси шаҳри Маскав гуфта буд, шаҳрдорӣ нақшаи даст кашидан аз муҳоҷирони кориро дар сохтмонҳо таҳия мекунад. Аммо вай афзуда буд, ки ба далели паҳншавии вабои коронавирус дар сохтмонҳои Маскав камбуди шадиди неруи корӣ мушоҳида мешавад.

Владимир Ефимов, ноиб-раиси дигари шаҳрдори Москва дар моҳи сентябри соли ҷорӣ гуфт, дар шаҳр 200 ҳазор неруи корӣ намерасад.

Президенти Туркманистон аз писараш хост, бахши нафту газро назорат кунад

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва писараш Сардор.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба писари худ - сарвазир Сардор Бердимуҳаммадов дастур дод, ки маҷмааи нафту гази ин кишварро назорат кунад. Дар ин бора нашрияи ҳукуматии "Нейтральный Туркменистан" иттилоъ додааст.

Туркманистон яке аз захираҳои бузурги гази табиӣ дар ҷаҳонро дошта, чаҳорумин кишвари содиркунандаи он шумурда мешавад. Даромади асосии буҷаи ин кишвар аз ҳисоби фурӯши гази табиӣ аст. Вале бино ба гузориши созмони ҳомии ҳуқуқи "Crude Accountability", то 80 дарсади пули газ ба иқтисоди соягӣ, аз ҷумла буҷаи шахсии Бердимуҳаммадов ва хонаводаи ӯ меравад

Даромади буҷаи давлати Туркманистон давоми чандин сол аст, пайи ҳам поён меравад ва ин кишвар бо буҳрони сахти иқтисодӣ, аз ҷумла норасоии маводи ғизоӣ рӯбарӯ шудааст. Дар ҳоли ҳозир иқтисоди Туркманистонро Бердимуҳаммадови хурдӣ раҳбарӣ мекунад.

Сардор Бердимуҳаммадов чанде пеш ба мақоми ноиб-сарвазир дар умури иқтисодӣ, масоили бонкӣ ва созмонҳои байналхаоқии молӣ таъйин шуд. Ин дувумин таъйиноти Сардор ба мақомҳои болоӣ дар ним соли охир аст. Моҳи феврали соли ҷорӣ писари Бердимуҳаммадов ба мақоми раисии Палатаи олии назорати Туркманистон таъйин шуда буд.

Аз моҳи феврал ба ин су Сардор Бердимуҳаммадов борҳо ҳайати ҳукуматии Туркманистонро дар сафарҳои хориҷӣ роҳбарӣ кард.

Сардор Бердимуҳаммадов фаъолияти сиёсиашро соли 2016 шуруъ кард.

Душанбе аз Маскав хостааст, қазияи муҳоҷиронро дар Иркутск "ҳамаҷониба" таҳқиқ кунад

Сироҷиддин Муҳриддин (рост) ва Сергей Лавров. Душанбе, 19-уми майи 2021

Тоҷикистон аз Русия хостааст, ки қазияи вобаста ба муҳоҷирони тоҷикро дар вилояти Иркутск ҳамаҷониба таҳқиқ кунад.

Ин мавзуъ дар суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамтои русаш, Сергей Лавров, рӯзи 25-уми ноябр матраҳ шудааст.

“Вазирон ба тавофуқ расиданд, ки қазияи мазкурро таҳти назорати махсуси вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия қарор диҳанд,” -- гуфта шудааст дар хабарномаи расмӣ.

Ин дар ҳолест, ки пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳайати сафорати Тоҷикистон ду рӯз боз барои суҳбат бо мақомоти Иркутск муваффақ шуда наметавонад.

Шаби 12-уми ноябр вагони зисти муҳоҷиронро дар деҳаи Заларии вилояти Иркутск оташ заданд. Дар натиҷа, Насимҷон Сайдалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола, сокинони ноҳияи Файзободи Тоҷикистон ҳалок шуданд.

Мақомоти Русия дар аввал сокинони маҳаллиро гумонбар медонистанд, чун ҳамон рӯз миёни онҳо ва муҳоҷирон муноқишаи лафзӣ шудааст. Вале дертар муҳоҷирони тоҷик Қурбонмад Содиқов ва Далер Ҳасановро ба гумони "қасди куштор" ва Ҷумъабой Искандаровро ба гумони "авбошӣ" боздошт карданд. Наздикони онҳо розӣ нестанд.

Ҳамасола беш аз 1 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷират мераванд. Соли гузашта тобути 300 шаҳрванди кишварро аз Русия ба ватан оварданд. Дар гузашта ҳар сол аз 600 то 800 ва бештар аз он тобути муҳоҷиронро меоварданд. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф гуфта мешавад.

Таҷаммӯи зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия

Гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав, 25-уми ноябри 2021

Беш аз сад нафар аз бадахшониёни муқими Русия шоми 25-уми ноябр бо нишони эътироз дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав таҷаммуъ карданд.

Онҳо аз амалиёти мақомоти қудратии Тоҷикистон дар минтақа норозӣ ҳастанд, ки дар пайи он рӯзи 25-уми ноябр як сокини Роштқалъа кушта шудааст. Мақомот мегӯянд, Гулбиддин Зиёбекови 29-сола ҳангоми амалиёти боздошт "муқобилият нишон дод ва захмӣ карда шуд".

Рӯзи 25-уми ноябр даҳҳо сокини шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа низ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тазоҳурот карданд. Онҳо тобути Гулбиддин Зиёбековро бо худ ба назди ҳукумати маҳаллӣ оварда, хоҳони боздошт ва муҷозоти сабабгорони марги ӯ шуданд.

Яке аз эътирозгарон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз ҳукумат талаб доранд, ки иртиботро бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барқарор карда, омилони марги сокини Роштқалъаро ҷазо диҳанд.

Ба гуфтаи онҳо, пас аз сар задани ҳодиса, иртибот бо Бадахшон қатъ шудааст ва Интернету симкортҳои телефонҳои мобилӣ кор намекунад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Гулбиддин Зиёбеков бо гумони даст доштан дар гаравгонгирии як корманди додситонии Роштқалъа як сол боз кофтуков мешуд ва "ҳангоми боздошт бо туфангча муқобилият нишон дод". Мақомот дар эъломияи расмӣ танҳо захмӣ шудани ӯро зикр кардаанд.

Эътирозгарон дар Маскав зоҳиран бо ин фарзия розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, дар сурати иҷро нашудани талабҳояшон ба эътироз идома хоҳанд дод.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар мавриди тазоҳурот то ҳол чизе нагуфтааст. Масъулонаш ба тамосҳои батакрори Радиои Озодӣ то ин дам посух надоданд.

Дар Алмато ширкатдорони гирдиҳамоии назди консулгарии Чин боздошт шуданд

Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон чанд танеро боздошт кард, ки пушти дари консулгарии Чин бо талаби озодии пайвандонашон аз Шинҷони Чин гирдиҳамоӣ карда буданд.

"Пулис се танро ба маҳзи ҷамъ шуданашон боздошт кард. Онҳоро ба идораи пулиси ноҳияи Медеу бурданд. Дар маҷмуъ чаҳор танро боздошт карданд",-гуфт Байболот Кунболатулӣ, як тан аз эътирозгарон.

Вай гуфт, шуруъ аз моҳи феврал иддае аз сокинони Қазоқистон бо талаби раҳоии пайвандонашон аз Шинҷони Чин пушти дари консулгарии ин кишвар дар шаҳри Алмато гирдиҳамоӣ доранд.

Имрӯз 291 рӯзи гирдиҳамоии онҳо аст. Ин афрод одатан пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато гирди ҳам меоянд, аммо чанд маротиба дар назди сафорати Чин дар шаҳри Нурсултон низ ҷамъ ва раҳоии пайвандонашонро талаб карданд.

Дар тамоми муддати гирдиҳамоӣ касе аз масъулони консулгарӣ ва сафорати Чин назди онҳо набаромадааст. Сафири Чин дар Қазоқистон Чжан Сяо дар моҳи марти соли ҷорӣ гуфта буд, ки "боздоштшудаҳои Шинҷон шаҳрвандони Чин ҳастанд" ва "барои риоя накардани қонунҳои Чин боздошт шудаанд".

Созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои ғарбӣ Чинро дар ташкили наслкушии уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва дигар мусалмонони Шинҷон айбдор мекунанд. Пекин ин айбҳоро рад ва боздошти сокинони Шинҷонро "бозтарбия" меномад.

Таркиши дар як кони ангишт Русия боиси марги 1 нафар ва захмӣ шудани 43 кас шуд

Амалиёти наҷоти ангиштканҳо. 25 ноябри соли 2021.

Дар шаҳри Беловеи вилояти Кемеровои Русия дар натиҷаи таркиш ва оташсӯзии нақби ангишти "Листвяжная" як кас кушта, 43 тани дигар зиён дидааст. Дар ин бора губернатори Кемерово Сергей Сивилёв хабар дод.

Мақомоти Кемерово гуфтанд, ҳамаи осебдидагон аз дуди оташсӯзӣ заҳролуд шудаанд. Ду тани онҳо дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Бино ба иттилои пешакӣ, замони рух додани ҳодиса дар дохили нақб 285 кас ҳузур дошт, ки 236 тани онҳоро берун оварданд. Макони ҷойгиршавии 48 тани дигар то кунун номаълум аст. Эҳтимол меравад, онҳо мустақилона нақбро тарк кардаанд, хабар медиҳанд расонаҳо бо такя ба мақомот. Таркиш дар умқи 250 метр рух додааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG