Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, аз эҳтимоли аз Русия ба Тоҷикистон "бурда шуданаш" нигарон аст


Шӯҳрат Қудратов узви фаъоли Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аст

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи тоҷик, мегӯяд, аз эҳтимоли таслим ё супурда шуданаш аз ҷониби Русия ба Тоҷикистон нигарон аст.

Вай рӯзи 13-уми ноябр иддао кард, ки "гурӯҳе аз намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Маскав ҳастанд" ва барои бурдани ӯ бо мақомоти Русия гуфтушунид доранд.

Як мансабдори вазорат иттилоъро рад кард, вале ҳамзамон гуфт, "вакили мудофеъ ба ҳамкорӣ бо созмони дар кишвар мамнӯи Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифин дар Аврупо, гумонбар аст." Қудратов мегӯяд, бо Паймони миллӣ робита надорад ва намефаҳмад, ки иттиҳом аз куҷо сарчашма мегирад.

Ӯ гуфт, хабари ба Маскав рафтани намояндагони ВКД-и Тоҷикистонро аз чанд манбаи наздик ба вазорат ва бахусус Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта (УБОП) фаҳмидааст. "Ин хатар на танҳо ба ман, балки ба Сӯҳроби Ҷаҳон, Бахтовар Ҷумъаев ва Муҳаммадхон Эгамов низ таҳдид мекунад," -- афзуд ӯ.

Ин афрод дар созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав кор мекарданд, ки раҳбарияшро Иззат Амон ба уҳда дошт. Иззат Амонро моҳи гузашта дар Тоҷикистон бо гуноҳи қаллобӣ ба 9 сол зиндон маҳкум карданд. Ҳоло ӯ ва пайвандонаш бозбинии ҳукмро талаб доранд.

Як манбаи наздик ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар баёнияҳои Иззат Амон номи Шӯҳрат Қудратов, Сӯҳроби Ҷаҳон, Бахтовар Ҷумъаев, Ҳусейн Ишанқулов ва дигарон "борҳо зикр шудааст". Аммо маълум нест, ки аз онҳо дар чӣ маврид ном гирифта шудааст.

Сӯҳроби Ҷаҳон, корманди "Маркази тоҷикон" дар Маскав, рӯзи 12-уми ноябр гуфт, ки ӯ ҳам аз эҳтимоли ба Душанбе бурда шуданаш огоҳ шудааст, аммо ҳанӯз ба таври расмӣ хабаре нагирифтааст.

Кормандони "Маркази тоҷикон" дар гузашта гуфта буданд, ки намояндаҳои УБОП тавассути пайвандонашон ба онҳо ҳушдор додаанд, ки агар довталабона наоянд, истирдод карда хоҳанд шуд. Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Русия, Муҳиддин Маҳмудов, ин иддаоро рад мекунад.

Ба нақли Шӯҳрат Қудратов, созмони "Маркази тоҷикон" тақрибан як моҳ боз фаъол нест ва ӯ мустақилона кор мекунад. "Бештар муҳоҷирони ниёзманди тоҷик муроҷиат мекунанд ва ба онҳо кумаки ҳуқуқӣ мерасонам," – гуфт ӯ.

Вакили мудофеи тоҷик мегӯяд, соли 2000-ум Академияи Вазорати корҳои дохилии Русияро дар шаҳри Омск хатм карда, шаҳрвандии он кишварро дорад, вале ҳоло бо ишора ба сарнавишти Иззат Амон мегӯяд, "шаҳрвандӣ ҳам наметавонад, пеши роҳро бигирад."

Мақомои Тоҷикистон Шӯҳрат Қудратовро соли 2014 бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир карданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2015 ӯро ба нӯҳ сол зиндон маҳкум кард, аммо баъдан Додгоҳи олӣ ҳукмро тағйир дод ва то 3 солу 8 моҳ поин овард.

Бисёре аз ҳомиёни ҳуқуқ ва тарафдоронаш он замон аз амалкардҳои ҳукумат танқид карданд, ки Шӯҳрат Қудратовро барои дигарандешиаш ба зиндон андохтаанд. Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Порлумони Аврупо, аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки Қудратовро аз зиндон озод кунад.

Шӯҳрат Қудратов рӯзи 23-юми августи соли 2018 пас аз поёни мӯҳлати адои ҷазо аз зиндон озод шуд ва пас аз муддате ба Русия кӯч баст. Ӯ аз зумраи вакилони дифоест, ки дар додгоҳ аз ҳаққи Зайд Саидов, Ёқуб Салимов, Диловаршо Қосимов ва Ҷӯрабек Охунов ҳимоят кардааст.

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG