Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои "Азизи хонасоз" ва ҳамроҳонаш аз 28 то 30 соли зиндон хостанд


Азизулло Абдуллоевро дар телевизион бо дастони баста намоиш доданд ва маълум нест, эътирофи ӯ дар ин барнома таҳти кадом шароит сурат гирифтааст.
Азизулло Абдуллоевро дар телевизион бо дастони баста намоиш доданд ва маълум нест, эътирофи ӯ дар ин барнома таҳти кадом шароит сурат гирифтааст.

Додситони парвандаи Азизулло Абдуллоев, мудири шинохтаи як ширкати хонасозӣ дар Тоҷикистон аз додгоҳ хостааст, ки ӯ ва ҳамроҳонашро, ки ба қочоқи тақрибан ним тонна маводи мухаддир муттаҳам мешаванд, аз 28 то ба 30 соли зиндон маҳкум кунад.

Мурофиаи ин гурӯҳ дар Додгоҳи ноҳияи Сино дар Душанбе идома дорад ва як манбаъ дар додгоҳ рӯзи 12-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дархости мазкур рӯзи 12-уми ноябр зимни мурофиа садо дод, ки таҳти раёсати додрас Абдулҳамиди Искандарзод сурат гирифт.

Муфаттишон ва додситонӣ Азизулло Абдуллоев ва ҳамроҳони ӯ Сиёвуш Содиқов, Азамат Тулаганов, Сорбон Сабзқадамов, Бурон Самадов, Мурод Хӯҷаевро ба қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми калон, қочоқ ва ба расмият даровардани пули аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда муттаҳам мекунанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, додситон Ҳусейн Акрамов аз додрас хостааст, бар иловаи 30 соли зиндон тамоми молу мулки Азизулло Абдуллоев мусодира кунанд. Додситон барои Азамат Тулаганов, Мурод Хӯҷаев, Бурон Самадов, Сиёвуш Содиқов 28 солии зиндон ва барои Сорбоз Сабзқадамов 20 соли зиндон тақозо кардааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон моҳи октябри имсол аз боздошти ин гуруҳ хабар дод ва гуфт, ки ин афрод муддати тӯлонӣ ба қочоқи маводи мухаддири афғонӣ машғул будаанд ва онро аз Афғонистон харида ва то ба кишварҳои аврупоӣ мебурданд.

Дар як барномаи телевизионии вазорат гуфта мешуд, ки ба ин гуруҳи фаромиллӣ шаҳрвандони кишварҳои дигар аз ҷумла Узбекистон ҳам шомил будаанд. Дар барнома маводи мухаддир аз ҷумла ҳероини зиёдеро нишон доданд, ки дар хонаҳои алоҳида пинҳон карда шудаанд ва ба гуфтаи мақомоти интизомӣ 500 кило афюну ҳероин ва дигар навъи маводи мухаддир мусодира шуд.

Аммо ба гуфтаи вакилони дифои муттаҳамон, Азизулло Абдуллоев иттиҳомотро рад карда ва гуфтааст, ки бегуноҳ аст ва ба қочоқ машғул набуд. Вакилони дифои Азизулло Абдуллоев дар додгоҳ гуфтаанд, ки эътирофи иттиҳомот, ки дар барномаи телевизионии вазорати умури дохилӣ нишон доданд, таҳти шиканҷа ҳосил шудааст.

Ба қавли вакилони муттаҳамон ба ҷиноят, Азизулло Абдуллоев, ки раиси ширкати “Бунёдкори аср” шинохта шудааст, гуфтааст, ки муфаттишон ӯро пас аз боздошт ба нерӯи барқ монда ва биниву ангуштонашро шикастаанд. Зоиршо Давлатёров яке аз вакили мудофеъ рӯзи 13 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, айбдоршавандаҳо аз ҷумла Азизулло Абдуллоев гуноҳро ба гардан нагирифтааст.

Вай гуфт аз айборшавандаҳо 5 вакили мудофеъ ҳимоят мекунад. Мақомоти интизомӣ дар додгоҳ гуфтаанд, ки иддаоҳо дар бораи шиканҷа асосе надоранд ва таҳқиқ дар ин замина ҳеч далели амалҳои ғайриқонунии муфаттишон ва ё бадрафторӣ бо муттаҳамонро нишон надодааст.

Дар Тоҷикистон Азизулло Абдуллоев, сокини шаҳри Душанбе бо номи “Азизи домсоз” ва ё хонасоз шинохта шудааст ва яке аз афроди сарватманд ба ҳисоб мерафт. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар барномаи телевизионӣ гуфт, ки Азизулло Абдуллоев ҳашт хонаи боҳашамат бо арзиши 15 миллион сомонӣ доштааст ва ҳамаи моликияти ӯро ба ҳабс гирифтаанд.

Пайвандони Азизулло Абдуллоев, гуфтаанд, ки ҳоло муфаттиш мехоҳад, тамоми молу моликият ва хонаҳои ӯ мусодира шаванд, ки хилофи қонун аст. Ба гуфтаи вакилон “додситон як адад манзили истиқоматии Абдуллоеро, ки нӯҳ фарзанд дорад”, ба фарзандонаш лоиқ намедонад.” Қарор аст, муҳокимаи ин гуруҳ ҳафтаи оянда идома кунад ва ҳукми гуруҳ эълон шавад.

XS
SM
MD
LG