Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Си Ҷинпин раҳбари "якумрӣ"-и Чин мешавад?


Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин.
Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин.

Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин рузи панҷшанбеи 11-уми ноябр қатъномаи муҳимеро, ки аз сӯи Си Ҷинпин, президенти ин кишвар дар бораи таърихи Чин пешниҳод шуд, қабул кард. Ин қатънома "Дастовардҳо ва таҷрибаҳои таърихии Ҳизби коммунист дар муборизаи садсола" ном дорад ва севумин қатънома аст, ки дар таърихи садсолаи ин ҳизб қабул мешавад. Ду қатъномаи қаблӣ дар замони раҳбарии Мао Тсэдун дар соли 1945 ва сипас даврони раҳбарии Дэн Сяопин дар соли 1981 қабул шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Чин, дар матни ин қатънома "дар баробари таъкид ба ривояти дуруст аз таърихи Ҳизби коммунист", пешравиҳои муҳими миллати Чин тайи чанд ҳазор соли гузашта, шарҳ дода шудааст.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, "ин қатънома аз ҳама аъзои ҳизб, Артиши халқ ва миллати Чин аз ҳамаи ақалиятҳои қавмӣ мехоҳад, ки дар атрофи Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ба раҳбарии Си Ҷинпин муттаҳид шаванд ва даврони навини сотсиализм бо хусусиятҳои чиниро ба беҳтарин шева амалӣ кунанд".

Хабаргузории "Франс-пресс" қабули ин қатъномаро гоми муҳим дар мустаҳкам кардани қудрати Си Ҷинпин ва заминае барои интихоби ӯ барои савумин давраи раҳбарии Ҳизби коммунист дар бистумин Анҷумани ин ҳизб медонанд. Қарор аст ин анҷуман соли оянда баргузор шавад. Бо чунин тасмиме Си Ҷинпин ба қудратмандтарин раҳбари коммунисти Чин аз замони Мао Тсэдун мубаддал хоҳад шуд.

Дар қисмате аз ин қатънома гуфта мешавад, ки афкори Си Ҷинпин барои пешрафти таърихии миллати Чин аҳамияти ҳаётӣ дорад. Вижагиҳои аслии даврони раҳбарии Си Ҷинпин илова ба идомаи рушди иқтисодии Чин, ҳамчунин муборизаи густурда бо фасоди молӣ, сахттар кардани саркӯбҳо дар минтақаҳое чун Шинҷон, Тибет ва Ҳонконг ва як сиёсати хориҷии таҳоҷумӣ будааст.

Бар иловаи ин, Си Ҷинпин ба ҳадафи аз байн бурдани рақибон ва мухолифон дар дохили Ҳизби коммунист кеши шахсияти хоси худро ба миён овард ва андешаҳои сиёсии ӯ дар низоми таълимии Чин бо номи "Афкори Си" омузонида мешавад.

Телевизиони давлатии Чин аз ҷаласаи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин дар бинои машҳур ба "Толори халқ" гузориши муфассале пахш кард ва натиҷаҳои онро "пирузиҳои бузургтаре дар роҳи ҳаракати пуршукух ба суи даврони навин" номид.

Ҳама рузномаҳои давлатӣ ва вобаста ба Ҳизби коммунист низ ин ҷаласаро ба таври густурда дар сафҳаҳои аввали худ бозтоб доданд.

Аввалин қатъномаи муҳим дар мавриди таърихи Ҳизби коммунист соли 1945 дар даврони Мао Тсэдун қабул шуд ва мавқеи ӯро дар ҳизб ҳатто қабл аз ба қудрат расидани Ҳизби коммунисти Чин мустаҳкам кард. Қабули қатъномаи дувум дар даврони раҳбарии Дэн Сяопин заминаро барои анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ ва пазириши "иштибоҳот"-и даврони Мао Тсэдун фароҳам кард.

Бар хилофи қатъномаи қабулшудаи соли 1981, қатъномаи пешниҳодии Си Ҷинпин хушунатҳои солҳои маъруф ба "Инқилоби фарҳангӣ" дар даврони Мао Тсэдунро пинҳон карда, он солҳоро "даврони инқилоби сотсиалистӣ ва бозсозӣ" номидааст.

Бархе аз коршиносони умури Чин ба ин боваранд, ки бо вуҷуди онки эҳтмолан ба сабаби сар назадани мухолифат дар дохили Ҳизби коммунист дар ин қатънома мафҳуми "раҳбари умрӣ" ба кор бурда нашудааст, вале аз ин матн метавон чунин бардошт кард, ки Си Ҷинпин чунин нақшае дорад.

XS
SM
MD
LG