Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Беларус ва Лаҳистон хост, буҳрони паноҳҷӯёнро ҳал кунанд


Муҳоҷирон дар марзи Белорус бо Лаҳистон.

Созмони Милали Муттаҳид аз Лаҳистон (Полша) ва Беларус хост, ки буҳрони паноҳҷӯёнро дар марзҳояшон ҳаллу фасл кунанд. Мишел Бачелет, Комиссари ҳуқуқи башари СММ, рӯзи 10-уми ноябр гуфт, бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ, набояд паноҳҷӯён аз дархости паноҳандагӣ манъ карда шаванд.

Ин изҳороти хонум Бачелет дар ҳоле сурат гирифт, ки Лаҳистон як рӯз пеш гуфт, паноҳҷӯён аз Беларус чандин бор талош кардаанд, ба зӯр вориди хоки ин кишвар шаванд ва аз вуруди он пешгирӣ шудааст. Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", ин дар ҳоле аст, ки Иттиҳоди Аврупо бинобар печидатар шудани буҳрони паноҳандагон дар сарҳади Беларус ва Лаҳистон, барои ҷорӣ кардани таҳримҳои бештар бар Минск, омодагӣ мегирад.

Филиппо Гранди, Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон рӯзи чаҳоршанбе дар Порлумони Аврупо бо ишора ба танишҳо ва хушунат дар баробари паноҳҷӯён дар марзҳои Беларус бо Лаҳистон ва Литва гуфт, "Иттиҳоди Аврупо як созмон бар асоси волоияти қонун таъсис ёфтааст, бояд ва метавонад беҳтар амал кунад ва дар масъалаҳои волоияти қонун ҳамчун намунаи дигарон бимонад."

Идораи паноҳандагони СММ низ дар бораи вазъи садҳо муҳоҷир, ки дар наздикии марзҳои Беларус бо Лаҳистон ҷамъ омадаанд, ибрози нигаронӣ карда, хоҳони поён додан ба суистифода аз шахсони осебпазир ҳамчун абзори сиёсӣ шудааст.

Иттиҳоди Аврупо режими Лукашенкоро барои барқасдона доман задани буҳрони муҳоҷират ва ташкили фиристодани ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ ба марзҳои Иттиҳоди Аврупо гунаҳкор кард. Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, иқдоми Беларус ба хотири таҳримҳоест, ки Аврупо нисбати режими Лукашенко ҷорӣ кардааст. Беларус дар навбати худ Лаҳистонро дар муносибати ғайриинсонӣ нисбати муҳоҷирон айбдор мекунад.

Созмонҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар низ дар мавриди вазъи душвори паноҳҷӯён дар марзи Беларус ва Лаҳистон ибрози нигаронӣ кардаанд.

Афви Байнулмилал дар мавриди шуморе аз паноҳҷӯён нигаронии амиқ кардааст, ки аз моҳи август ба ин тараф дар марзҳои Беларус ва Лаҳистон монда, дар шароити сахте ба сар мебаранд. Ин муҳоҷиронро Лаҳистон ба зӯр аз қаламрави худ берун кардааст. Аксари муҳоҷироне, ки дар марзи Беларус ва Лаҳистон ҷамъ омадаанд, аз Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Африқо мебошанд.

Вазъ дар марзи Беларус бо Лаҳистон рӯзи 8-уми ноябр бад шуд. Он замон чанд ҳазор муҳоҷир ба наздики марз омаданд, ки талош доштанд, вориди Иттиҳоди Аврупо шаванд.

Марзбонон ва низомиёни Лаҳистон тавонистанд, ки садди роҳи муҳоҷирон шаванд. Муҳоҷирон дар навбати худ дар наздикии марз хайма заданд. Мақомоти Лаҳистон гуфтанд, дар рӯзҳои охир даҳҳо муҳоҷирро, ки қасди ворид шудан ба қаламрави ин кишварро доштанд, боздошт карданд.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG