Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифодаи роҳҳо дар Қазоқистон пулакӣ шуд. ВИДЕО


Яке аз роҳҳо дар Қазоқистон.
Яке аз роҳҳо дар Қазоқистон.

Ахиран дар Қазоқистон истифода аз роҳҳои дорой аҳамияти ҷамъиятӣ пулакӣ шуд. Ҷамъоварии маблағ дар ҳафт самти серистифода сурат мегирад. Масъулин ба ронандагони қазоқ алтернатива нагузоштанд. Барои ронандагони мошинҳои боркаш бошад, тарофаи гаронтар муқарар шудааст.

Сундет, як ронандаи қазоқ зарари ҷуқуриҳои роҳро шахсан дар мошинаш озмоиш кардааст. Ин ронандаи мошини боркаш шаш сол мешавад, дар роҳҳои Қазоқистон сафар мекунад ва ҳар бор маҷбур аст, ки Камази фарсудаашро таъмир намоянд. Минбаъд барои Судет ҳар сафар боз гаронтар хоҳад афтид.

"Агар роҳҳо боcифат бошанд, ман муқобили пардохти маблағ нестам. Вале агар онҳо ҳамчунин вайронаву бидуни ягон таваққуфгоҳи хубу ҳоҷатхонаҳо боқӣ монанд, пас барои чӣ мо бояд пул бидиҳем",--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Истифодаи роҳҳо дар Қазоқистон пулакӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Моҳи июни соли ҷорӣ ронандагони мошинҳои боркашонии Қазоқистон ошкоро дар роҳҳои кишвар эътироз карданд. Онҳо талаб доштанд, ки қарори ҷорӣ кардани роҳҳои пулакӣ бекор карда шавад. Далели ронандагон камтар, вале қавӣ буд. Ронандагон на танҳо аз сифати роҳҳо, балки аз набудани хизматрасонии роҳҳо шикоят мекарданд. Ин ҷанҷол ҳатто то ба маъмурияти президент ҳам расид. Аммо ба нақшаҳои мансабдорон таъсир нарасонд.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, “тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷорӣ кардани роҳҳои пулакӣ тасмими дуруст аст. Дар чунин кишвари азим танҳо аз ҳисоби буҷет роҳ сохтан ғайриимкон мебошад. Илова бар ин, Қазоқистон бояд аз ҳисоби транзит даромад бигирад.”

Феълан мақомот аз ҳисоби қазоқистониҳо даромад гирифтан мехоҳанд. Барои истифода аз роҳи Нур-Султон-Павлодар ронандаи мошини сабукрва тақрибан як доллар медиҳад. Аз мошинҳои боркаш 20 баробар бештар пул тақозо мешавад. Нурлан Шокиров, ронандаи қазоқ гуфт: "Барои мошинҳои шаҳрвандони Қазоқистон бояд пули хеле кам муайян шавад. Барои мошинҳои транзитӣ аз Қирғизистону Узбекистон бигзор тарофаи алоҳидаро муқаррар кунанд, зеро онҳо ҳам дар роҳҳои мо ҳаракат мекунанд. Ҳоло ҳама чиз гарон шудааст. Дар чунин шароит ронандагони мошинҳои боркаш бояд чӣ кор кунанд?”

Истифода аз нақлиёти заминӣ дар Қазоқистон дар мақоми аввал аст ва тақрибан 80 фоизи баркашонӣ тариқи он сурат мегирад. Масофаҳои тӯлонии миёни шаҳрҳо, хароҷоти лоҷистикиро боз ҳам бештар мекунад. Бинобар ин, аз нигоҳи таҳлилгар Айдар Алибоев, ҷорӣ кардани роҳҳои пулакӣ бидуни пешниҳоди алтернатива ба ронандагон мавҷи боло рафтани нархҳои хурокворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро ба вуҷуд меорад.

“Нахуствазир Мамин ҷаласи ҳукуматиро ташкил мекунад, ки дар он маъсалаи асосӣ чӣ гуна поийн бурдани нархи маовди ғизоӣ мебошад. Дар айни замон ҳамин ҳукумат ҷорӣ намудани роҳҳои пулакиро пешниҳод менамояд, ки бешубҳа барои гарон шудани нархҳо сабаб хоҳад гашт. ",--гуфт Айдар Алибоев.

Иқдоми нав ба ширкати миллии “Казавтожол”, ки ба хидматрасонии роҳҳои пулакӣ машғул аст, чӣ қадар маблағ меорад, ҳанӯз маълум нест. Зоҳиран ширкати мазкур бояд барои гирифтани даромад каме мунтазир бошад. Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки феълан дар баъзе самтҳо терминалҳои қабули пардохт насб нашудаанд, роҳандозии навоварӣ то ду ҳафтаи дигар ба таъхир гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG