Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"КазАвтоЖол": Имсол панҷ қитъаи роҳ пулакӣ мешавад


Ширкати "КазАвтоЖол" дар Қазоқистон гуфт, имсол дар панҷ қитъаи роҳи мошингард дар он кишвар низоми роҳи пулакӣ ҷорӣ мешавад.

Бино ба хабаре, ки рӯзи 9-уми июн дар сомонаи ширкат нашр шуд, инҳо қитъаҳои роҳи мазкур ҳастанд:

  • Аврупои Ғарбӣ - Чини Ғарбӣ (Кайнар-Тароз, Тароз-Чимкент, Чимкент-Қизилорда, Чимкент-Тошканд),
  • Шучинск - Кокшетау,
  • Капшагай – Талдиқурғон,
  • Нурсултон – Павлодар,
  • Актау – Жетибай – Жанаозен.

Ширкат хабар медиҳад, ки гузаштан аз ин қитъаҳо барои мошини сабукрав 1 танга барои ҳар километр (барои нақлиёти сокинони маҳаллӣ ба таври имтиёзнок пардохти солона дар ҳаҷми 1000 танга пешниҳод мешавад); убур барои автобусҳо вобаста ба ҷойи нишасташон аз 15 танга барои ҳар километр муқаррар шудааст. Барои нақлиёти борбар вобаста ба ғунҷоишашон аз 25 танга барои ҳар километр муайян шудааст.

Ҷорӣ шудани роҳи пулакӣ дар ҳолест, ки ронандагони нақлиёти борбар дар бархе аз минтақаҳои Қазоқистон зидди ин низом эътироз карданд. Ронандагон мегӯянд, сифати пасти роҳҳои пулакӣ, гаронии сӯзишворӣ ва пардохти кам барои боркашонӣ иҷозат намедиҳад, ки роҳҳо пулакӣ шаванд.

Пештар аз ин оператори миллии идораи роҳҳои мошингарди Қазоқистон гуфт, шуруъ аз моҳи июни соли ҷорӣ 18 қитъаи роҳ бо дарозии 5,8 ҳазор км пулакӣ мешавад.

Вазири саноат ва рушди инфрасохтори Қазоқистон Бейбут Отамқулов рӯзи 2 июн гуфт, дар кишвараш то соли 2025 11 ҳазор км роҳ пулакӣ гардонида мешавад.

XS
SM
MD
LG