Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малола Юсуфзай -- барандаи ҷоизаи Нобел издивоҷ кард


Малола Юсуфзай бо шавҳараш Асир Осиф.
Малола Юсуфзай бо шавҳараш Асир Осиф.

Рӯзи 9-уми ноябр барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Малола Юсуфзай дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки ба шавҳар баромадааст. Ин ҳомии таълими духтарон соли 2012-ум дар зодгоҳаш-Покистон дар синнни 12-солагӣ аз тири Толибони маҳаллӣ маҷруҳ шуда буд.

Ҳоло Малола Юсуфзайи 24-сола дар Британия ба сар мебарад. Тӯйи арӯсии ӯ дар шаҳри Бирмингеми Британия-макони зисти кунуниаш барпо шудааст. Дар бораи шавҳари Малола маълумот зиёд нест. Ҳамин қадар гуфта шудааст, ки номаш Асир аст.

Талоши Малола барои таълими духтарон дар гӯшаҳои гуногуни олам, ба вижа мамолики ғарбӣ қадрдонӣ шудааст, вале дар худи Покистон фаъолиятҳои Малола боиси ихтилофи назарҳо гардидааст.

XS
SM
MD
LG