Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Риш, бурқа ва таваҷҷуҳ ба Толибон. Русҳо дар Узбекистон аз чӣ тарс доранд?


Занҳои рӯймолбарсари Узбекистон. Акс аз соли 2018

Сиёсати бештар либералии Узбекистон дар аҳди Шавкат Мирзиёев нисбат ба дин ва ишғоли Афғонистон аз сӯйи Толибон боиси афзоиши раванди исломгароӣ дар ин кишвар шуд. Ин ҳолат аксар мардум, махсусан русҳоро, ки шуморашон дар ин кишвар ҳарчӣ камтар мешавад, нигарон намудааст.

Сергей дар Намангон, шаҳре воқеъ дар шарқи Узбекистон ба воя расидааст. Минтақае, ки бо вуҷуди даҳсолаҳо ҳукмрон будани низоми атеистӣ ё худ бехудоии шӯравӣ суннатҳои ислом дар он ҳифз шудааст ва зодгоҳи ду чеҳраи ҷиҳодии шинохта дар Осиёи Марказӣ аст.

Солҳои 1980 ба Сергей, ки дар мактаби миёна таҳсил мекарду барои пайвастан ба сафи коммунистҳои ҷавон омодагӣ медид, амр доданд, то ба бозор рафта, аз сари занони узбек сатру бурқаро бикашад.

Ҳукуматдорони давр фаранҷипушӣ ё бурқаи сиёҳу вазнин ва бешаклро, ки зери он занон бечашм ба назар мерасиданд, “торикандешии асримиёнагӣ” номида, ин навъи либоспушии занонро масхара мекарданд.

Маъракаҳои давлатӣ зидди либоси исломӣ бо иқдому талошҳо барои дастрасии занон ба таҳсил ва истиқлоли иқтисодӣ омезиш ёфтанд. Ин иқдом таҳти номи “бедории зани шарқ” роҳандозӣ мешуд. Сергей, марди лоғарандому мӯйлабдор, ки соҳиби дукони китобфурӯшӣ аст, мегӯяд, “сару садо ва эътирозҳо хеле зиёд буданд. Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки онҳо бармегарданд."

Бо гузашти тақрибан чаҳор даҳсола, ин либосҳо намунаи рӯшани исломишавии босуръат дар Узбекистон, кишвари сераҳолитарини Осиёи Марказӣ шудааст, ки 36 миллион аҳолӣ дорад.

Таҳдидҳо аз ҳамсоякишвари Афғонистон дар пайи омадани Толибон ва ҳам исломгароиӣ босуръат, рустаборон ва русзабонҳои Узбекистонро ба таҳлука андохтааст. Бархе тасмим доранд, кишварро тарк кунанд. Аз ҷумла Сергей ҳам, ки дар ин ҳама солҳо аслан намехост ба Русия ва ё кишвари дигаре куч бандад, акнун дар фикри рафтан аст.

Эҳё ё рӯ ба ифротгароӣ

Ҳарчанд пушидани фаранҷӣ ё бурқа дар пойтахти Узбекистон, Тошканд кам ба назар мерасад, аммо дида мешавад, ки занону духтарони зиёде дар шаҳр ҳиҷоб ва либоси исломӣ ба бар доранд.

Шумори чунин занон баъди бекор кардани манъи пушидани сатр дар ҷойҳои ҷамъиятӣ чанд баробар зиёд шуд. Моҳи июли имсол, ҳукумати Узбекистон ба занон иҷоза дод, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сатр кунанд.

Мардони зиёде ҳоло риши дароз доранд. Дар замони ҳукмронии Ислом Каримов, президенти аввали Узбекистон, дар солҳои 1991-2016 ин кор номумкин ва ҳатто хатарнок дониста мешуд. Ӯ аз масъулини собиқи ҳизби Коммунист буд.

Ислам Каримов дар соли 2015
Ислам Каримов дар соли 2015

Дар ҳукумати ӯ кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дастур гирифта буданд, ки риши мардонро иҷборан битарошанд ва ҳамчунин мардонро бозпурсӣ кунанд.

Бино ба гузоришу таҳлилҳои ҳомиёни ҳуқуқи башар ва нозирони ғарбӣ, ҳазорон мусалмон барои намозгузорӣ дар берун аз масҷидҳои таҳти назорати ҳукумат, зиндонӣ шудаанд.

Баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016, бисёре аз мусалмонони зиндонӣ ва дигарандешон афв шуданд. Ба оҳистагӣ маҳдудиятҳои мазҳабӣ бекор ва озодиҳои динӣ бештар шуд. Аммо дар ин авохир ин сиёсат боз тағйир кард. Дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид оид ба озодиҳои динӣ дар ҷаҳон аз боздошту зиндонӣ шудани чанд нафар бо гумони “исломситезӣ” дар Узбекистон ёдоварӣ шудааст. Ин амал ҳам бешак аз исломишавии босуръат дар ин кишвар дарак медиҳад.

Нигора Ҳидоятова, ки пас аз таъсиси ҳизби мухолифи Деҳқонони озод дар соли 2005 маҷбур шуд Узбекистонро тарк кунад, дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт: “Афзоиши шумори ҷавонони ақидаҳои ифротидошта мушоҳида мешавад. Ҳукумат ҳам бо сиёсате, ки пеш гирифтааст онҳоро ба ин кор ташвиқ мекунад. Афзоиши ришваситонӣ, ҷомеаи заифи шаҳрвандӣ, бесаводии ҷавонон, қонуншиканӣ ва беадолатӣ, ба як таркиш дар ҷомеа метавонад расонад.”

Илҳом аз Толибон

Дар пасманзари тасарруфи Афғонистон аз сӯйи Толибон дар моҳи август нигаронии ҷамъияти рустаборони Узбекистон, ки шуморашон ба 720 ҳазор нафар мерасад, бештар шуд. (Соли 1989 дар Узбакистон 1 миллиону 650 ҳазор нафар рустабор зиндагӣ мекарданд.)

Бархе аз сокинони мазҳабии Узбекистон аз омадан ва пирӯзии Толибон хушҳолӣ карда, дар Телеграм ва шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, хориҷ шудани нерӯҳои Амрико аз Афғонистони ҷангзада ба онҳо илҳомбахш аст ва ин гурӯҳ аз ҳукумати нави Афғонистон, ки бар асоси қонунҳои шариат амал мекунад, ҷонибдорӣ намудаанд.

Темур Карпов, ҳомии ҳуқуқи башар ва муассиси намоишгоҳи бадеии "139 Documentary Center", ба Радиои Озодӣ гуфт, ақидаву идеяҳои Толибон дар Узбекистон пуштибонони воқеӣ пайдо кардааст. “Барои ҳамин ҳам, рустаборон ва русзабонҳо нигаронанду ҷомадонҳои худро барои сафар омода мекунанд.”,--гуфт ӯ.

"Толибан" як ҳайъатро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Маскав равон карданд ва хостанд ҷомеаи ин кишварҳоро мутақоид кунанд, ки ҷунбиши паштунҳо дигар аз ҷиҳодиҳои байналмилаллӣ, мисли Усома бин Лодан пуштибонӣ намекунанд ва бо аққалиятҳои Афғонистон, аз ҷумла узбеку тоҷикҳо муносибати баробар хоҳанд дошт.

Вале аксар узбектаборон тарсу ваҳми солҳои 1999 ро хуб ёд доранд. Гурӯҳе аз исломгароёни узбек, ки бо Толибон ҳамкорӣ доштанд, деҳае дар ҷануби Қирғизистонро тасарруф карда, талаб намуданд, ки аз тариқи водии Фарғона ба Узбекистон роҳ дода шаванд.

Ҳарчанд Бишкек ва Тошканд баъдан эълон карданд, ки ошӯбгарон нобуд карда шуданд, аммо ин ҳамла дар ниҳоят боис шуд, ки қисме аз рустаборону русзабонҳо ва ҳатто узбекҳои пешрафта тарки кишвар кунанд.

"Манқуртшавӣ"

Чингиз Айтматов, нависандаи маъруфи қирғиз, дар романи худ, “Як рӯзи дарозтар аз қарн” дар соли 1980 дар тасвири ғуломи беандешае истилоҳи “Манқурт”-ро истифода кардааст. Сари ӯ ва ғуломони дигарро пок метарошиданд ва зери офтоб ба сарашон пусти шутур мекашиданд, ки дар натиҷа муйи сар баръакс ба самти мағзи сар месабзид. Ин одамон ба таъбири нависанда, идорашаванда мешуданд, ки ҳатто фармони қатли модари худро иҷро мекарданд.

Миллатгароён дар тамоми Осиёи Марказӣ, ин истилоҳи дағалро ба ҳамқавму ҳаммилатҳои худ, яъне русзабонони қазоқу қирғиз ва туркману узбек нисбат медоданд. Комунистҳо ҳам барои ба воя расонидани насли “Манқурт” талоши зиёд карданд.

Узбекистони Шӯравӣ чандин бор шоҳиди муҳоҷирати оммавӣ шудааст. Садҳо ҳазор русу украинҳо ва яҳудиён дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ҳангоми ҳамлаи фошистони олмонӣ ба СССР ба кишварҳои дур аз ҷанг ҳиҷрат карданд.

Аммо аксарият дар ин давраи мушкил ҳам он ҷо монданд ва шоҳиди ворид шудани мардуми зиёди хориҷшудае аз қавми тоторҳои Қрим, юнониҳо, олмониҳо аз Волга ва куриёиҳо аз минтақаи Шарқи Дури Русия шуданд. Баъди заминларзаи соли 1966, ки баъзе аз қисматҳои Тошкандро ба замин яксон кард, даҳҳо ҳазор нафари дигар аз тамоми кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ барои кӯмак ва барқарор кардани шаҳр ба Узбекистон омаданд.

"Гури Амир" дар Самарқанд
"Гури Амир" дар Самарқанд

“Иттиҳодсозӣ” ба руссозии мардуми маҳаллӣ ва онҳое табдил ёфт, ки аз ҷойҳои дигар омада буданд. Аксари узбекҳои шаҳрӣ кӯдакони худро ба мактабҳои русӣ медоданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ду соли хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки қариб ҳамаи мардони узбек ҳам онро гузаштаанд, муошират пурра бо забони русӣ буд.

Як омили аслие, ки узбекҳоро аз мероси бузурги фарҳангии худ дур кард, ин буд, ки Маскав соли 1920 алифбои арабиро ба лотинӣ ва баъдан дар соли 1930 ба кириллӣ иваз кард.

Таълими забони арабӣ дар донишгоҳҳои Узбекистон маҳдуд шуд. Ин забон дигар танҳо дар як донишгоҳ таълим дода мешуд. Ягона мактаби динӣ дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Бухоро буд. Ин мактабро ҳам ба меҳмонони баландпоя ва мусалмонҳои маъруфи дунё, аз ҷумла ба Муҳаммад Алӣ, муштзани машҳури дунё чун далели “Озодии дин” нишон медоданд.

Асарҳои мазҳабии олимони мусалмони давраи эҳё мисли Абуалӣ ибни Сино дигар барои наслҳои нави узбек дастрас набуд ва огоҳии динии онҳо фақат бо намозу маълумотҳои умумии динӣ маҳдуд шуд.

Бозгашти ҷиҳод

Вале дар минтақаҳое чун водии Фарғона ислом дар бисёре аз бахшҳои зиндагии мардум ҳифз шуд. Нақши Намангон яке аз шаҳрҳои калони ин водӣ, дар ташкил ёфтани ҷиҳоди узбекҳо муҳим буд. Ҷанги Шӯравӣ ва Афғонистон дар солҳои 1981-1991 ба ҳазорон нафар сарбоз аз Осиёи Марказӣ имкон дод, ки бо ҷомеаи мусалмонӣ ва руҳоният аз наздик ошно шаванд.

Тоҳир Юлдош ва Ҷумъаи Намангонӣ, ду собиқадори ҷанг ва зодагони Намангон, дар соли 1991 дар зодгоҳашон қонуни шариатро ҷорӣ карданд ва раисиҷумҳур Ислом Каримов, ки ба музокира омада буд, барои иштибоҳ дар намозгузорӣ таҳқиру масхара шуд.

Юлдош ва Намангонӣ баъдтар ба Афғонистон фирор карда, “Ҳаракати Исломии Узбекистон”-ро таъсис доданд. Онҳо соли 1999 ба Қирғизистон ҳамла намуда, ҳамчунин алайҳи Эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон ҷангиданд.

Баъди марги муассисони “ҲИУ” аксари ҷангҷӯёни он ба гурӯҳи “Давлати Исломӣ” пайвастанд ва гурӯҳеро бо номи “Давлати Исломӣ дар Хуросон” таъсис доданд. Ин гурӯҳ ҳам феълан бо Толибон мубориза мебарад.

Русҳои Узбекистон дар бораи ҷанг дар Афғонистон маълумоти зиёде надоранд, вале мебинанд, ин ҳама ба узбекҳои мазҳабӣ чӣ гуна таъсир мекунад. Фёдор, домоди Сергей мегӯяд, “эҳтимол “Толибон” ҳоло ба ин кишвар ворид намешаванд, вале онҳо метавонанд ба мағзу андешаҳои сокинони маҳаллӣ таъсир кунанд.”

Ӯ ҳам сару либосашро ҷамъ мекунад, мехоҳад ба Русия биравад. Исломишавиро сабаби аслии ин тасмимаш медонад. Нашриёти хурди худ ва манзилашро дар Узбекистон мефурушад.

Фёдорро ояндаи духтари панҷсолааш, Полина, ки ягона рус дар боғчаи кӯдаконаи маҳаллӣ аст, нигарон кардааст.

“Касе, нест ки ҳамроҳи ӯ бозӣ кунад”,-- мегӯяд, Фёдор бо ишора ба духтарчааш, ки оромона дар смартфон филми тасвирӣ тамошо дошт.

Навори баҳси "Чаро Толибон аз занону духтарон метарсанд?"-ро инҷо тамошо кунед:

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG