Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамане, ки Путинро аз Кремл ронданӣ буд, боздошт шуд


Акси Александр Габишев
Акси Александр Габишев

Александр Габишев, шамане, ки пештар бо қарори додгоҳ ба табобати маҷбурии равонӣ фиристода шуда буд, дубора дар Екатеринбург боздошт шудааст.

Ин мард, ки аз як равияи мазҳабии шамании хоси бархе аз сокинони Сибир пайравӣ мекунад, пештар гуфта буд, ки аз тариқи дуо "Путинро аз Кремл меронад".

Хабаргузории русии ТАСС хабар дод, ки Габишев аз беморхонаи рӯҳӣ дар Новосибирск рухсат шуда буд, вале дубора ӯро боздошт карданд. Тафсилоти дигар дастрас нашудааст.

Александр Пряшников, адвокати Габишев гуфтааст, ки хабари аз беморхона рухсат шудани ӯро надорад. Ӯ гуфтааст, дақиқ намедонад, ки Габишевро аз беморхона ҷавоб додаанд ва ё худи ӯ берун шудааст.

Габишев пас аз он шинохта шуд, ки иддао кард, бо дуо Путинро аз Кремл берун мекунад. Моҳи феврали имсол нисбат ба ӯ бо иттиҳоми ҳамла ба намояндаи давлат парванда боз карданд, вале додгоҳ ӯро гирифтори бемории равонӣ унвон карда, ба табобати маҷбурӣ равон кард. Созмонҳои байналмилалӣ озодии ӯро хоста буданд.

XS
SM
MD
LG