Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон ҷасади як дипломатеро ёфтанд, ки эҳтимол маъмури махфии ФСБ буд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино ба гузориши расонаҳои Олмон (Германия), ҷасади як дипломати русро дар наздикии сафорати Русия дар Берлин ёфтаанд.

Маҷаллаи Der Spiegel навишт, гумон меравад, ин дипломат маъмури махфӣ ё пинҳонии Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ бошад.

Пулиси Олмон ҷасади ин дипломатро рӯзи 19-уми октябр пайдо кардааст. Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Олмон гуфтанд, аз марги дипломати рус хабар доранд, вале ба хотири хусусӣ будани мавзуъ ҷузъиёти бештар намедиҳанд.

Сафорати Русия бе ҳеч шарҳе гуфтааст, ин як ҳодиса аст.

Маҷаллаи Der Spiegel дар гузориши худ мегӯяд, ба назар мерасад, ин марди 35-сола аз ошёнаҳои болои бинои сафорати Русия, воқеъ дар маркази шаҳри Берлин, ба замин афтодааст.

Ин маҷаллаи муътабари Олмон афзуд, сафорати Русия бо таҳқиқоти тиббиву додгоҳии ҷасад розӣ нашуд.

XS
SM
MD
LG