Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъҳо: Ёдгор Файзов аз вазифаи раиси ВМКБ барканор мешавад


Ёдгор Файзов
Ёдгор Файзов

Ду манбаъ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз мақомаш озод мешавад. Худи Файзов барканориашро тасдиқ ё рад накард, аммо манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, хабари тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Бадахшон баъд аз зуҳри 5-уми ноябр эълон мешавад.

Ёдгор Файзов, ки аз моҳи октябри соли 2018 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ дар бораи барканориаш чизе нагуфт.

Файзов ҳудуди се сол пеш дар пайи интиқоди тунди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи таъмини амният дар ВМКБ, раиси ин вилоят таъйин шуда буд. Пеш аз ин ӯ раиси Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон буд. Файзов дар ҳодисаҳои соли 2012 дар шаҳри Хоруғ миёнрави байни ҳукумат ва фармондеҳони минтақа буд.

Ёдгор Файзов 60 сол дошта, ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумон аст.

Ӯ зодаи деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон буда, Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси байтор хатм кардааст. Корро дар солҳои Шӯравӣ аз озмоишгоҳи байтории ВМКБ шурӯъ карда, баъдан ба соҳаи комсомол гузаштааст.

Мақомот то ҳол расман дар бораи тағйири кадрӣ дар ҳукумати вилояти Бадахшон хабар надодаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки ҷойгузини Ёдгор Файзов дар ин мақом кӣ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG