Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Огоҳӣ ва ҷаримаи сабук нашуд." Дар Тоҷикистон ҷазоро барои хато гузаштан аз роҳ сахттар карданд. ВИДЕО


Яке аз кӯчаҳои Душанбе

Дар Тоҷикистон ҷазоро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба иддаои мақомот яке аз сабабҳои садамаи нақлиётист, сахттар карданд. Дар гузашта барои чунин амал аз 7 то 60 сомонӣ ҷарима мебастанд, ҳоло 120 сомонӣ. Баъзе аз роҳгузарон шикоят доранд, ки на дар ҳама ҷои шаҳрҳои Тоҷикистон хати пиёдагузар, чароғаки роҳнамо ва роҳҳои зеризаминӣ вуҷуд дорад.

Чаро ҷаримаро зиёд карданд?

Мирзоамон Рафизода, муовини додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 3-юми ноябр дар Маҷлиси Намояндагон гуфт, имсол 826 ҳазор мавриди поймол кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро сабт кардаанд. “Аз ин шумора, 274 ҳазор мавриди он аз тарафи пиёдагардон содир шудааст”, -- хабар дод ӯ.

Мирзоамон Рафизода
Мирзоамон Рафизода

Дар он рӯз дар порлумон қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ислоҳ карда, миқдори ҷаримаро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ то 120 сомонӣ боло бурданд. "Огоҳӣ ва ҷаримаҳои ночиз ба беҳтар шудани ҳолати риояи қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби пиёдагардон мусоидат намекунад”, -- гуфт Рафизода.

Вакилони порлумони Тоҷикистон низ боло бурдани миқдори ҷаримаро барои пиёдагардон яке аз роҳҳои кам кардани нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ донистанд. Пиёдагардон ва ронандаҳо дар ин маврид назари гуногун доранд.

“Бепарвоӣ”, чаро?

Дунёбегим Имомназарова, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, бар хилофи қоидаҳои пешбинишуда гузаштан аз роҳи мошингузар “натиҷаи бепарвоӣ ва бетаваҷҷӯҳии сокинон нисбати тақдири худу атрофиён” аст. Ӯ гуфт: “Барои аз роҳи калон гузаштан метарсӣ. Мушкил аст. Вале мебинам, ки баъзеҳо мегузаранд. Бо шитоб, давида мегузаранд.”

Ба назари Иноятуллоҳ Раҳматов, ронандаи таксӣ, пиёдагардон ҳангоми гузаштан аз роҳҳо эҳтиёт намекунанд ва ин кори онҳоро низ мушкил гардондааст. “Ҷойҳое, ки мумкин нест, мегузаранд. Ҳам худ ва ҳам ронандаҳоро зери хатар мегузоранд”, -- гуфт Раҳматов.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Аз байни роҳ нагузаред, ҷарима калон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Далели сокинон чист?

Баъзе аз сокинон бар инанд, ки набудани хатти пиёдагузар, фаъол набудани чароғаки роҳнамо ва роҳҳои зеризаминӣ боиси вайрон кардани қоидаи ҳаракат аз сӯи пиёдгардон мешавад. Аз тарафи дигар, ба қавли онҳо, боло бурдани миқдори ҷарима роҳи ҳалли кам кардани қоидавайронкунӣ дар роҳ нест, зеро нозирони роҳ метавонанд, аз ин суистифода кунанд.

Маризо Маризоев, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, мегӯяд, на ҳамеша чароғакҳои роҳнамо дар Душанбе фаъоланд ва баъзан ронандагон худсарона имкон намедиҳанд, то сокинон аз хатти пиёдагузар убур кунанд. Вай таъкид намуд, ки роҳҳои зеризаминӣ аз ҳам дур ҷойгир шудаанд ва ин боис мегардад, ки сокинон роҳро худсарона гузаранд.

Мақомот мегӯянд, дар Душанбе беш аз 18 гузаргоҳи зеризаминӣ сохта шудааст, аммо пиёдагардон камтар аз онҳо истифода мекунанд, ки натиҷаи чунин рафтор боиси ҳодисаҳои нохуш мешавад.

Суистифода ва фасод?

Ҳамсуҳбати мо, Маризоев, бовар дорад, бо афзоиши ҷарима барои пиёдагардон, ҳолатҳои суистифода аз ин метавонад, бештар шавад: "Мардум 120 сомонӣ ҷарима намедиҳанд. 60 сомонӣ медиҳанду мераванд. То имрӯз надидем, ки нозирони роҳ ягон касро барои қойдавайронкунӣ ҷарима карда бошанд ё гӯянд, аз ин ҷо гузаштан мумкин нест. Рости гап, шахсан надидам. Назорат аз сӯйи нозирони роҳ ҷиддӣ нест."

Чунин иддаоро баъзе аз нозирони роҳ беасос дониста мегӯянд, бо вуҷуди ҳушдорҳои онҳо, сокинон бо поймол кардани меъёрҳои пешбинишуда, аз роҳи мошингард гузашта, ҷони худро дар хатар мегузоранд.

Рӯзи 4-уми ноябр чанде аз кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) дар роҳҳои пойтахт нахостанд, дар ин бора бештар суҳбат кунанд. Онҳо бе зикри номашон таъкид карданд, ки нақзи қоидаҳои ҳаракат аз тарафи пиёдагардон ва ҳам ронандагон бештар ба назар мерасад, аммо вақте сухан дар бораи ҷаримаашон меравад, аз надоштани маблағ нигаронӣ мекунанд.

Моҳи марти имсол нашрияи “Қонун ва ҷомеа”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки нозирони роҳ дар кишвар дар ду моҳ беш аз 7 ҳазор пиёдагардро барои риоя накардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ҷарима бастанд. Он замон дар матлаб гуфта шуда буд, ки 60%-и садамаҳои нақлиётӣ бо гуноҳи пиёдагардон рух додааст.

Бино ба омори расмӣ, соли гузашта дар пайи беш аз 1100 садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон 376 нафар ба ҳалокат расида, 1263 кас маҷруҳ шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG