Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кодекси нави андоз. Мақомот: "Ба мардум сабукӣ дода шуд". Коршинос: "Ягон ёрӣ намекунад" ВИДЕО


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон, пас аз моҳҳо баҳсу баррасӣ, Кодекси нави андозро қабул карданд. Мақомот гуфтанд, ки шумораи молиёт (андоз)-ро аз 10 ба 7 намуд поин оварда, ба соҳибкорону мардум сабукӣ доданд. Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, дар шароити Тоҷикистон ҳеч сабукӣ дар бахши андоз ба соҳибкорон ёрӣ намекунад, “зеро андоз тибқи нақшаи аз пеш муайяншуда ҷамъоварӣ мешавад”.

Чӣ каму зиёд шуд?

Файзиддин Қаҳҳорзода
Файзиддин Қаҳҳорзода

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи сеюми ноябр дар Маҷлиси Намояндагон гуфт, дар қонуни нав

  • андоз аз арзиши иловашуда (НДС) аз 18% то 15%;
  • андоз аз шахсони ҳуқуқӣ аз 23% то 20% дарсад;
  • андоз аз шахсони воқеӣ аз як дар сад кам шудааст.

Инчунин, бар пояи қонуни нав, андоз аз истифодабарандаҳои воситаҳои нақлиёт ва андоз аз молу мулкро якҷо кардаанд. Ба қавли мутахассисон, ин навъи андоз такрорӣ буд ва бояд солҳо пеш бекор карда мешуд.

Дар баробари баъзе аз сабукиҳое, ки аз забони масъулон ва вакилон садо дод, дар Кодекси нави андоз афзоиши меъёри баъзе аз молиёт пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар қонуни нав меъёри андоз нисбат ба даромадҳои дигари шахсони воқеӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ҷойи кори дувум, ба иҷора додани молу мулк ва хидматрасониҳо, ба андозаи 2 дарсад, яъне аз 13 дарсади пешина то 15 дарсад, зиёд карда шудааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Кодекси нави андоз қабул шуд. Кӣ фоида ва кӣ зиён мебинад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Андози аксиз аз хидматрасониҳои воситаҳои электронӣ аз 5 дарсади қаблӣ ба 7 дарсад афзоиш ёфт. Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, “меъёри андози аксиз нисбат ба хидматрасониҳои алоқаи барқӣ ба андозаи 2 дарсад зиёд карда шуд.”

Вакил хост, имтиёзи баъзе корхонаҳо баррасӣ шавад, вале...

Рустам Қудратов
Рустам Қудратов

Рустам Қудратов, вакили Маҷлиси Намояндагон, тасдиқ кард, ки чанде аз идораҳо ба афзоиши баъзе меъёрҳои андоз эрод гирифтаанд. "Мефаҳмонам, ки барои чӣ чунин шуд. Бемории COVID-19-ро бояд ба эътибор гирем, то дар оянда буҷаро пурра таъмин карда тавонем. Буҷаи мо иҷтимоӣ аст, зиёда аз 50 дарсадаш характери иҷтимоӣ дорад", -- шарҳ дод ӯ.

Ҳудуди 70 дарсади буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андоз пур мешавад.

Дар ҷаласаи рӯзи сеюми ноябр ҷузъиёти бештар дар бораи тарҳи нави Кодекси андоз дода нашуд. Вале Саидҷафъар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки масъалаи баъзе аз корхонаҳои бузургеро, ки аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдоранд, баррасӣ кунанд.

Ӯ ба таври мушаххас аз корхонае ном набурд, аммо таъкид кард, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъи иқтисодӣ ва даромади буҷа, имтиёзи баъзе аз чунин корхонаҳо бардошта шавад.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Ба пешниҳоди Усмонзода посухи дақиқе гуфта нашуд, вале масъалаи бархурдор шудани баъзе аз ширкатҳо аз имтиёзҳои андозӣ нигарониҳоеро миёни соҳибкорон ба ба бор овардааст. Таҳқиқи хабарнигорон дар солҳои гузашта ошкор карда буд, ки баъзе аз ин ширкатҳо ба мансабдорони баландпояи кишвар пайванд доранд.

Чаро мушкили андоз боқӣ мемонад?

Бо ин вуҷуд, вакилони порлумони Тоҷикистон бе баҳси ҷиддӣ Кодекси нави андозро қабул карданд.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз пас аз қабули Кодекси нав аз суҳбат ба хабарнигорон худдорӣ кард. Файзиддин Қаҳорзода, вазири молия ва чанде аз вакилони дигари порлумон, гуфтанд, Кодекси нав ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла бахши соҳибкорӣ нигаронда шудааст.

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, тарҳи нави Кодекс ба андоздиҳандагон сабукии ҷиддие пешбинӣ накардааст, ки боиси рушди иқтисоди кишвар шавад.

Абдуманнон Шералиев
Абдуманнон Шералиев

Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ, 3-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар шароити Тоҷикистон ҳеч сабукие дар бахши андоз ба соҳибкор кумак нахоҳад кард, зеро андоз дар Тоҷикистон тибқи нақшаи қаблан муайяншуда ҷамъоварӣ мешавад. Ин нақша новобаста аз рушд ё буҳрони иқтисодӣ, аз афзоиш ё камшавии манобеи андозбандӣ ва ғайра ҳар сол бештар мегардад ва Кумитаи андоз маҷбур аст нақшаро бо ҳар қимате иҷро кунад.”

Вай таъкид кард, дар гузашта агар андозҳо ҷамъоварӣ мешуданд, вале нақша пурра иҷро намешуд, мақомот рӯ ба ҷаримабандӣ меоварданд. "Дар чунин шароит бо кам шудани баъзе андозҳо танҳо чизе, ки тағйир мекунад ин аст, ки ҷаримабандӣ бештар мешавад”, -- афзуд ӯ.

Матни Кодексро ислоҳ мекунанд, вазъро не?

Кодекси андозе, ки ҳоло амал мекунад, соли 2013 қабул шудааст ва, бино бар сарбориҳои гаронаш, ҳадафи танқиди соҳибкорон гашта, сол аз сол зарурати ислоҳи онро ба миён оварда буд. Кодекси нав пас аз нашр дар матбуоти давлатӣ ба иҷро медарояд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон бори чаҳорум аст, ки Кодекси андозро иваз мекунанд, аммо, ба гуфтаи иқтисоддонҳо, ҳеч яке аз ин қонунҳо барои рушди соҳибкорӣ шароити муносибу мусоид фароҳам наоварданд. Назаре, ки мақомот ба он розӣ нестанд ва мегӯянд, ба соҳибкорон сабукиҳои зиёде додаанд.

Дар таҳқиқоти "Paying Taxes 2019" (Андозбандӣ дар соли 2019), ки 190 кишварро фаро гирифта буд, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои дорои баландтарин сарбории молиётӣ ворид шуд. Ҳаҷми умумии андоз 67,3 дарсадро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки 32,8 дарсад аст, ду баробар бештар мебошад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG