Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ва Русия хостанд, таҳримҳои зидди Кореяи Шимолӣ "сабук" карда шаванд


Кореяи Шимолӣ
Кореяи Шимолӣ

Чин ва Русия дар муроҷиате ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хоҳони бартараф шудани таҳримҳо алайҳи Кореяи Шимолӣ шудаанд.

Дар муроҷиати ду кишвар ба мушкилоти иқтисодии Кореяи Шимолӣ ишора шуда, гуфта мешавад, ин таҳримҳо барои беҳтар кардани зиндагии мардум бояд аз байн бираванд.

Бино бар ин муроҷиат, ки ҷузъиёташ ба хабаргузориҳои "Рейтерз" ва "Ассошиэйтед Пресс" дастрас шудааст, тақозо мешавад, таҳримҳо ба маводи хӯроки баҳрӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, нафт ва ҳамчунин кори шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ дар хориҷа бартараф гарданд.

Кореяи Шимолӣ, ки аз солҳо ба ин сӯ ба набуди мушкили рӯзафзуни масунияти ғизоӣ даст ба гиребон аст, дар ин авохир бо афзоиши нархи хӯрокворӣ ва доруву камбуди ин мавод рӯ ба рӯ мебошад.

Русия ва Чин дар соли 2019 ба ин монанд пешниҳодеро ироа карда буданд, вале он аз тарафи кишварҳои ғарбӣ рад шуда, ҳеч гоҳ барои ройгирӣ гузошта нашуд.

XS
SM
MD
LG