Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кодекси нави андоз қабул шуд. Кӣ фоида ва кӣ зиён мебинад?


Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷиистон.

Дар Тоҷикистон шумораи умумии молиёт ё андоз аз 10 ба 7 намуд коҳиш дода шуд. Мақомот ин тағйиротро яке аз сабукиҳо дар тарҳи нави Кодекси андоз мегӯянд. Солҳо боз низоми андозбандии Тоҷикистонро ба хотири сарбории зиёд доштан барои соҳибкорон танқид мекунанд.

Як навгоние, ки метавонад барои корфармоён дар Тоҷикистон хабари хуб бошад, коҳиши андози ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. То имрӯз корфармоён дар Тоҷикистон барои ҳар корманд ба андозаи 25 дарсади маош ба буҷа молиёти ҳифзи иҷтимоӣ медоданд. Дар Кодекси нав меъёри он 20 дар сад пешбинӣ шудааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи сеюми ноябр зимни муаррифии тарҳи Кодекси андоз дар таҳрири нав дар порлумон гуфт, дар тарҳи нав ҳамчунин меъёри андоз аз арзиши иловашуда, яъне НДС аз 18 то 15 дарсад, андоз аз шахсони ҳуқуқӣ аз 23 то 20 дарсад, андоз аз шахсони воқеӣ аз як фоиз кам шудааст.

Саидҷафъар Усмонзода, вакили порлумони ва раиси ҲДТ зимни баҳси ин мавзуъ пешниҳод кард, ки масъалаи бархе корхонаҳои бузурге, ки аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдоранд, баррасӣ шавад. Вай мушаххасан аз корхонае ном набурд, аммо таъкид кард, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъи иқтисодӣ ва қисмати даромади будҷа, имтиёзи баъзе аз чунин корхонаҳо бардошта шавад.

Кодекси нави андоз қабул шуд. Кӣ фоида ва кӣ зиён мебинад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Бар пояи тарҳи нав, андоз аз истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт ба андоз аз молу мулк якҷо карда шуд ва андози аксиз аз хизматрасониҳои воситаҳои электронӣ аз 5 дарсади қаблӣ ба 7 дарсад афзоиш ёфт. Вакилони парлумон бидуни баҳсҳои ҷиддӣ ин тарҳро қабул карданд. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз пас аз қабули Кодекси нав аз суҳбат ба хабарнигорон худдорӣ кард.

Кодекси андозе, ки ҳоло амал мекунад, соли 2013 қабул шудааст ва, бино бар сарбориҳои гаронаш, ҳадафи танқиди соҳибкорон гашта, сол аз сол зарурати ислоҳи онро ба миён оварда буд.

Аз ҷумла, дар таҳқиқоти "Paying Taxes 2019" (Андозбандӣ дар соли 2019), ки 190 кишварро фаро гирифта буд, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои дорои баландтарин сарбории молиётӣ ворид шуд. Ҳаҷми умумии андоз 67,3 дарсадро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки 32,8 дарсад аст, ду баробар бештар мебошад.

Даъватҳо ба коҳиши андоз ё молиёт солҳо боз дар Тоҷикистон садо медиҳад. Мақомот мегӯянд, имкони бисёр кам кардани андоз вуҷуд надорад, чун буҷаи кишвар ба камбуди пул рӯбарӯ мешавад. Ҳудуди 70 дарсади буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андоз пур мешавад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон се бор Кодекси андоз иваз шуд, аммо, ба гуфтаи иқтисоддонҳо, ҳеч яке аз ин қонунҳо барои рушди соҳибкорӣ шароити муносибу мусоид фароҳам наоварданд. Назаре, ки мақомот ба он розӣ нестанд ва мегӯянд, ба соҳибкорон сабукиҳои зиёде додаанд.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG