Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идораи мусалмонҳои Узбекистон хабари Хадамоти амниятро дар бораи имоми "ҷиҳодӣ" рад кард


Яке аз масоҷиди Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз масоҷиди Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати рушди маҳаллаҳо ва оилаи Узбекистон хабари Хадамоти амнияти давлатиро дар бораи он, ки миёни 12 сокини вилояти Қашқадарё, ки бо гумони узвияти "Ҷиҳодиҳо" боздошт шудаанд ва яке аз онҳо раиси маҷлиси маҳаллаҳо аст, рад кард.

Вазорат гуфт, миёни боздоштшудаҳо ҳеч кадомашон раиси маҷлиси маҳалла нест.

Пештар аз ин Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон иттилоъ дода буд, ки миёни боздоштшудаҳо як раиси маҷлиси маҳаллаҳо, як омӯзгор, муовини имоми масҷид, соҳибкор ва коргарони мавсимӣ ҳастанд.

Идораи маънавии мусалмонони Узбекистон низ гуфт, миёни боздоштшудаҳо ҳеч кадомашон муовини имом нест.

XS
SM
MD
LG