Рӯзи душанбеи 1-уми ноябр дар шаҳри Глазгои Бритониё нишасти СММ оид ба мубориза бо тағйироти иқлимӣ оғоз шуд ва дар ҷараёни он Дабири кулли СММ ба раҳбарони ҷаҳон гуфт, ки муваффақияти ин нишст ниёз ба талошҳои бештари онҳо дорад.
Антонио Гутерриш хитоб ба раҳбарони ҷаҳон гуфт, "вақти он аст, ки бигӯем бас аст. Куштани худамон бо карбон бас аст. Рафтор кардан бо табиат мисли ҳоҷатхона бас аст. Сузондан, ҳафриёт, истихроҷи ҳарчи бештар дигар бас аст. Мо дар ҳоли кандани гӯри худ ҳастем" .
Бисту шашумин нишасти обу ҳавои СММ як рӯз пас аз он ба кор оғоз кард, ки кишварҳои "Гурӯҳи 20", яъне қудратмандтарин иқтисодҳои ҷаҳон натавонистанд дар робита ба манъи комили интишори гази карбон ба фазои замин то соли 2050, ба созиш бирасанд. Ин дар ҳоле аст, ки ба поинтарин сатҳ расонидани паҳншавии газҳои гулхонаӣ то соли 2050, барои пешгирӣ аз бештар гарм шудани кураи замин зарурӣ аст.
Дар конфронси мубориза бо тағйирёбии иқлим, ки ҳудуди 10 руз давом мекунад, даҳҳо нафар аз раҳбарон ва намояндагони 200 кишвар ҳузур доранд. Баргузории ин нишаст бинобар паҳншавии КОВИД-19 як сол ба таъхир афтода буд.
Донишмандон мегӯяд, ки бояд саъй кард, ки ҳарорати ҳаво дар даҳаҳои оянда аз 1,5 дараҷа боло наравад ва дар ғайри он фоҷеа ба бор хоҳад овард ва миллионҳо нафар бехонумон ва гурусна хоҳанд шуд. Аммо гармтар шудани замин дар ҳадди болотар аз он, фоҷеаҳои ғайри қобили тасаввурро ба миён хоҳад овард.
Раиси давраии нишасти иқлимии СММ дар нахустин рӯзи ин ҳамоиш таъкид кард, "ин иҷлос охирин ва беҳтарин умед барои даст ёфтан ба ҳадафи маҳдуд кардани афзоиши гармии замин ба 1,5 дараҷа аст".
Ҷо Байден, президенти Амрико, Эммнуэл Макрон, президенти Фаронса, Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд ва Иброҳим Солеҳ, раиси ҷумҳури Малдив дар нишаст рузи ҷумъаи ҳамоиши тағйироти иқлимии СММ суханронӣ карданд.