Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ду чоҳи нафти Қазоқистон наздики 100 коргар корпартоӣ кардааст


Корпартоӣ дар яке аз корхонаҳои коркарди нафти Қазоқистон.
Корпартоӣ дар яке аз корхонаҳои коркарди нафти Қазоқистон.

Рӯзи 1 ноябр наздики 100 коргар дар ду чоҳи нафти вилояти Оқтеппаи Қазоқистон бо талаби маоши бештар корпартоӣ кардааст.

Ин коргарон, ки ба ҳайси ронанда дар чоҳҳои нафти Кенкияк ва Жанажол кор мекарданд, рӯзи душанбеи 1 ноябр пушти дари ширкате ҷамъ шуданд, ки ба истихроҷи нафт дар чоҳи Кенкияк машғул аст.

"Ман соли 2011 ба кор омадам. 180 ҳазор танга маош таъйин карданд. То ҳол ҳамон 180 ҳазорро мегирам, ки аз ҳисоби худам мошин таъмир мекунам, сӯзишворӣ мехарам, ҳоло ҳамарӯза барои муайян кардани бемории коронавирус тест месупорам. Дар поёни моҳ ҳамагӣ 30-40 ҳазор танга дар ҷайбам мемонад. Маоши ман тӯли 10 сол баланд нашудааст", - гуфт яке аз эътирозгарон Нуртас Кенҷебоев.

Ертай Айтжанов, эътирозгари дигар гуфт, ки дар маҷмуъ 120 кас корпартоӣ кардааст. Ҳамаи онҳо талаби маоши бештарро доранд.

Намояндагони ширкате, ки коргарони он корпартоӣ карданд, қазияро дар суҳбат бо расонаҳо шарҳ надоданд.

XS
SM
MD
LG