Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон таҳдид кард, ки ба Сурия ҳамла мекунад. ВИДЕО


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия

Баъди ҳамла дар як минтақаи таҳти назорати Туркия дар Сурия, раиси ҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон таҳдид кардааст, ки дар Сурия амалиёти нави низомиро ба роҳ мемонад.

Дар ин ҳамла се афсари пулиси Туркия кушта шуданд. Баъди оғози ҷанги дохилӣ дар Сурия ва зуҳури ДОИШ, Туркия неруҳояшро ба қисме аз манотиқи марзии Сурия ворид кард.

Туркия размандагони курдро масъули бомбгузории маргбори ҳамин моҳ дар минтақаи Африн медонад. Раиси ҷумҳур Эрдуғон гуфт, сабраш ба поён мерасад.

“Таҳаммули мо дар минтақаҳое, ки манбаи ҳамла аз Сурия ба кишвари мо аст, тамом шудааст”,--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Эрдуғон мегӯяд, "сабри Туркия ба поён расид"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Туркия мегӯяд, Гуруҳи муҳофизати мардумии курдҳо, ки бо ҷудоиталабони курд робита дорад, дар қаламрави Туркия меҷанганд. Гуруҳ ин иддаоро рад мекунад. Эрдуғон гуфт, неруҳои кишвараш ҳамроҳ бо ошӯбгарони таҳти ҳимояти Туркия дар Сурия размандагони курдро аз шаҳри стротегии Тали Рифъат берун хоҳанд кард. Ба бовари Анкара ҷудоиталабони курд аз ҳамин ҷо ҳамлаҳо ба неруҳои Туркия дар Сурияро раҳандозӣ мекунанд. Аммо шаҳри Тали Рифъатро неруҳои Русия муҳофизат мекунанд. Озгур, корманди як бунёди ҷамъиятӣ мегӯяд, “барои Туркия инҷо ҳамкорӣ ва ё кумаки Русия зарур мешавад, чун Русия фазои онҷоро назорат мекунад. Азбаски Тали Рифъат ба марзи Туркия наздик нест, ҳаргуна амалиёт бе иҷозаи Русия бисёр мушкил хоҳад буд.”

Туркия муддатҳои тулонист ба Тали Рифъат чашм дӯхтааст, чун се минтақаи таҳти назораташ дар Туркияро ба ҳам мепайвандад. Аз тарафи дигар шаҳри муҳими нақлиётӣ ва наздик ба Ҳалаб, дуввумин шаҳри бузурги Сурия аст. Аз ин рӯ, ба гуфтаи нозирон, гумон аст, Русия онро дар ихтиёри Туркия гузорад.

Ғолиб Далай, як коршинос мегӯяд: “Русия муомилаи сахте хоҳад кард ва дар ниҳоят ин муомила гузашту гирифтҳои зиёде хоҳад дошт. Агар Русия фикр кунад, ки ягон чизи муҳиме дар ивази шаҳр мегирад, пас имкони додани он вуҷуд дорад. Ва ҳам набояд фаромуш кунем, дар ҳар се амалиёти Туркия дар дутои он кумаки Русия ҳаст.”

Амрико ба Гуруҳи муҳофизати мардумии курдҳо дар ҷанг ба зидди ДОИШ кумак мекард ва ҳаргуна амалиёти ба зидди ин размандагони курд, робитаҳои печидаи Туркияву Амрикоро печидатар мекунад. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳамла ба Сурия имконпазир аст. Неруҳои Туркия се дафъа дар Сурия амалиёт анҷом додаанд ва ба гуфтаи нозирон таҳдидҳои Эрдӯғон аксаран амалӣ мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG