Генерал Марк Миллей – як афсари олирутбаи Амрико тасдиқ кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин аввали имсол як мушаки гиперсоник ва ё моваросавтиро озмоиш кардааст, ки мояи нигаронии ҷиддӣ аст. Мушаки мазкур, ки суръаташ аз суръати садо панҷ маротиба тезтар аст ва дар як соат то 6 ҳазор километр парвоз мекунад, дар атрофи Замин як маротиба чарх задааст. Марк Миллей рӯзи 27-уми октябр гуфт, ки “озмоиши мушаки моваросавтӣ як ҳодисаи бисёр чашмгир ва мояи нигаронии ҷиддӣ аст.” Ӯ озмоишро баробар ба партоби нахустин моҳвораи шӯравии Спутник ба фазо номид, ки дар соли 1957 таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб кард ва ин нигарониро ба вуҷуд овард, ки Амрико аз назари пешрафти технологӣ аз Иттиҳоди Шӯравӣ ақиб мемонад. Дар бораи озмоиши мушаки пешрафта рӯзи 16-уми октябр нашрияи амрикоии Financial Times хабар дод. Он замон вазорати умури хориҷии Чин гуфт, ки онҳо на мушак, балки як фазонавардро озмоиш кардаанд.
Генерали амрикоӣ озмоиши мушаки гиперсоникро аз ҷониби Чин тасдиқ кард
