Даврон Абаев, муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон тамоси дипломатҳои ин кишвар бо намояндагони ҳукумати гуруҳи Толибон дар Афғонистонро шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, "дубора сари қудрат омадани "Толибон" дар Афғонистон сенарияи мувофиқтарин нест, вале ин гузина дар муқоиса бо баъзе гуруҳҳои дигар бадтарин ҳам намебошад".
"Толибон дасти кам ҳадафи ғасби кишварҳои ҳамсояро надоранд", - изҳор дошт Абаев дар як суҳбати телевизионии худ.
Муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон гуфт, дар сурати сарнагун шудани ҳукумати Толибон дар Афғонистон дар натиҷаи мушкилиҳои иқтисодӣ касе кафолат намедиҳад, ки ба ҷои он гуруҳи ифротитар, ба монанди гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" сари қудрат намеояд. "Агар аз ин нигоҳ назар кунем, пас гуфтугӯ бо "Толибон" оқилонатар аз онест, ки накунем", - афзуд Абаев.
Ҳайати Қазоқистон бо роҳбарии Ержан Қозихон, намояндаи махсуси президенти Қазоқистон нимаи дувуи моҳи октябр бо сафари расмӣ ба Кобул рафт. Қозихон бо намояндагони ҳукумати Толибон Абдулғанӣ Бародар ва Амирхон Муттақӣ мулоқот кард.
Қазоқистон ваъдаи кӯмаки панҷ ҳазор тонна ордро ба Афғонистон додааст. Ҷониби Қазоқистон ҳамчунин гуфтааст, омода аст, ки ба Афғонистон воксини зидди коронавирус - QazVac-и истеҳсоли Қазоқистон ирсол кунад.