Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як узви "Гуруҳи 24" дар Душанбе 20 сол зиндонӣ шуд


Раҳматҷони Маҳмадҷон
Раҳматҷони Маҳмадҷон

Додгоҳи шаҳри Душанбе Раҳматҷони Маҳмадҷон, намояндаи ҳаракати "Гурӯҳи 24" дар Русияро ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст.

Масъулони ин ҳаракат мегӯянд, ҳукм моҳи гузашта эълон гардида, ӯ дар ҳамкорӣ бо созмони ифротии мамнӯъ, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаву адовати миллӣ ва даъватҳои оммавӣ барои тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон муҷрим дониста шуд. Масъулини Додгоҳи шаҳри Душанбе расман дар ин бора иттилоъ надодаанд.

Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳамроҳ бо Шобудин Бадалов, як ҳамасфи дигараш моҳи июни соли гузашта дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав пикети эътирозӣ доир карданд.

Мақомоти интизомии Русия он замон ин ду нафарро ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум намуданд. Раҳматҷони Маҳмадҷон моҳи майи имсол дар шаҳри Маскав нопадид шуд.

"Гурӯҳи 24", ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Пайравонаш ин қарорро сиёсӣ медонанд.

То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз "Гурӯҳи 24" боздошту зиндонӣ шуданд. Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.

XS
SM
MD
LG