Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

YouTube бо шикояти Туркманистон як саҳифаи оҷонси амрикоиро баст


Шабакаи YouTube дар пайи шикояти як расонаи давлатии Туркманистон, кишвари авторитарии Осиёи Марказӣ, канали вобаста ба хабаргузории амрикоиро баст.

Телевизиони давлатии "Watan Habarlary" саҳифаи "Eurasianet"-ро дар Ютюб ба вайрон кардани ҳаққи муаллифӣ гунаҳкор донистааст.

"Eurasianet", ки ба қавли масъулонаш дар Ютюб чанд ҳазор пайрав дорад, бо бозтоби хабарҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Русия (бо забони англисӣ ва русӣ) машҳур аст.

Масъулони сомона гуфтанд, аз ҷониби YouTube (ба Google тааллуқ дорад) огоҳӣ гирифтанд, ки канали онҳо пас аз дарёфти чанд "ҳушдор" баста шудааст. Ютюб гуфтааст, ҳушдорҳо аз тарафи "Watan Habarlary", шабакаи вобаста ба Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Туркманистон, расиданд.

Дэвид Триллинг, муҳаррири "Eurasianet", тасмими расонаи давлатии Туркманистонро хандаовар донист, чун ҳам вебсайти "Eurasianet" ва ҳам YouTube дар он кишвар дастнорасанд.

Сафорати Туркманистон дар Вашингтон ва масъулони YouTube ба пурсишҳо дар ин бора то ҳанӯз посух надодаанд.

XS
SM
MD
LG