Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин хост, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро назорат кунанд


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия дар форуми энергетикии шаҳри Маскав дар бораи таъмини Аврупо бо маводи сӯхт, равобит бо Амрико ва вазъият дар Афғонистону Осиёи Марказӣ суҳбат кард.

Владимир Путин гуфт, террористон аз Ироқу Сурия дар Афғонистон ҷамъ шуда, метавонанд, барои ноором кардани вазъ дар кишварҳои ИДМ ва ҳатто ҳамла ба ин давлатҳо кӯшиш кунанд.

Бинобар ин, президенти Русия пайваста назорат кардани вазъ дар сарҳади Афғонистонро муҳим донист. Ӯ ҳамзамон омодагӣ ба муқовимати ҷангҷӯён ва анҷом додани амалиёти муштараки махсусро дар ҳолати лозимӣ зарур шумурд.

Ин изҳороти Путин дар ҳоле садо медиҳад, ки аз 18 то 23-юми октябр дар тамрингоҳҳои наздик ба марзи Тоҷикистону Афғонистон машқҳои низомӣ бо истифода аз нерӯ ва васоили таъмини моддию техникии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG