Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Белорус обуначиёни каналҳои мамнуъро зиндонӣ мекунанд


Вазорати умури дохилии Белорус тасмим дорад, шаҳрвандонро барои обуна шудан ба каналҳои телеграмӣ ва паёмакрасонҳое ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашад, ки дар он кишвар экстремистӣ эълом шудаанд.

Бештари каналҳое, ки аз сӯи додгоҳи Белорус экстремистӣ эълом шудаанд, ба мухолифони он кишвар тааллуқ доранд.

Дар изҳороти Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсияи Вазорати умури дохилии Белорус иқдоми навро ба қароре рабт додаанд, ки 12-уми октябр ҳукумати ин кишвар содир кардааст.

Дар вазорат гуфтанд, ба шаҳрвандоне, ки ба каналҳои мамнуъ обуна мешаванд, то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Раёсати мазкур моҳи феврали соли равон гуфта буд, барои обуна шудан ба каналҳои мамнуъ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Он замон чандин вакили дифои Белорус гуфтанд, дар қонунгузории амалкунанда ингуна ҷавобгарӣ пешбинӣ нашудааст. Вале кормандони пулис обуначиёни каналҳои мазкурро пайдо ва ҷарима мекарданд.

XS
SM
MD
LG