Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ба Узбекистон 200 ҳазор моя ваксинаи "Sinovac" дод


Ҳукумати Туркия ба Узбекистон 200 ҳазор воя ваксинаи чинии "Sinovac" зидди коронавирус фиристодааст.

Ин мояҳо субҳи 13-уми октябр тавассути ҳавопаймои масири Истанбул-Тошканд ба Узбекистон интиқол дода шудаанд.

Дар Вазорати тандурустии Узбекистон гуфтанд, ваксинаи "Sinovac"-ро дар асоси созишномаи грантие дарёфт карданд, ки миёни Анқара ва Тошканд ба имзо расида буд. "Sinovac" шашумин ваксинаест, ки бо онҳо узбекистониҳоро зидди коронавирус эм мекунанд.

Аз ин пеш, Узбекистон барои эм кардани шаҳрвандони худ зидди коронавирус ваксинаҳои "AstraZeneca" (Бритониё), "ZF-UZ-VAC2001" (Чин), "Спутник V" (Русия), "Moderna" (ИМА) ва "Pfizer / BioNTech" (ИМА/Олмон)-ро дарёфт карда буд.

Ба иттилои вазорат, захираи ваксинаи ин кишвар дар ҳоли ҳозир ба зиёда аз 28 миллион воя расидааст.

XS
SM
MD
LG