Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ аъзои Ҳизби демократии Қазоқистонро ҷарима кард


Додгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 12-уми октябр чаҳор фаъоли Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистонро ҷарима баст. Ҳар кадоми онҳо 34-долларӣ ҷарима шудаанд.

Дар ин бора Инга Имонбой, яке аз фаъолон хабар дод.

Ин афродро баъди иқдоми эътирозӣ пушти дари Бонки миллии Қазоқистон дар "майдаавбошӣ" айбдор ва ҷарима бастанд.

Додгоҳ ду тани дигар аз фаъолонро рӯзи 13-уми октябр муҳокима мекунад. Айгерим Тлеужан ва Аружан Дуйсебоева дар боздошт ҳастанд.

Рӯзи 12-уми октябр фаъолони Ҳизби демократӣ назди Бонки миллӣ дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуданд ва талаби авфи қарзи сокинонро карданд.

XS
SM
MD
LG