Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА аз интихоботи президентӣ дар Узбекистон интиқод кард


"Миёни номзадҳо ба мақоми президентии Узбекистон рақобат мавҷуд нест, онҳо рӯ ба рӯи ҳам баҳс намекунанд", - омадааст дар хулосаи пешакии ҳайати нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки барои назорати интихоботи президентии Узбекистон вориди ин кишвар шудаанд.

Дар хулосаи нозирон ҳамчунин омадааст, ки мақомоти Узбекистон чанде аз пешниҳоди САҲА-ро ба инобат гирифта, қонунгузории интихоботро ислоҳ кардааст. Аммо ҳамоно тавсияҳои марбут ба бекор кардани мамнуиятҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳо, маҳдудиятҳои ҳуқуқ ба интихоб ва пешбарии номзадҳои мустақил ба инобат гирифта нашудааст.

Дар хулосаи САҲА ҳамчунин гуфта шудааст, ки сокинони Узбекистон дар робита ба таъқибу фишори рӯзноманигорону блогерҳо ва маҳдудияти фаъолияти расонаҳо шикоят доранд.

Моҳи гузашта САҲА ҳайати нозиронро аз 26 кишвар ба Узбекистон фиристод.

САҲА баъди интихоботи президентии Узбекистон дар соли 1999 ба ин кишвар нозир намефиристод. Аммо бо ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 САҲА ба Узбекистон дубора нозир мефиристад.

Интихоботи президентӣ дар Узбекистон рӯзи 24-уми октябр баргузор мешавад.

Хидирназар Оллоҳқулов, раиси ҳизби сотсиал-демократии "Ҳақиқат ва Тараққиёт", ки ба интихобот роҳ наёфт, аз хулосаи САҲА ҷонибдорӣ кард.

"Содатар бигӯем, САҲА дар ин хулоса гуфтааст, ки интихоботи президентиро дар Узбекистон интихоботи комил намеҳисобад. Аз ибтидо маълум буд, ки ин интихоботи воқеӣ нест", - гуфт Оллоҳқулов.

XS
SM
MD
LG