Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои низомии СПАД дар Тоҷикистон 22-23-юми октябр барпо мешаванд


Сентябри соли 2021, ширкати низомиёни Қирғизистон дар тамринҳои нирӯҳои СПАД
Сентябри соли 2021, ширкати низомиёни Қирғизистон дар тамринҳои нирӯҳои СПАД

Кремлин рӯзи 13 октябр хабар дод, ки дар таърихи 22-23-юми октябр дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон машқҳои муштараки низомии нирӯҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ барпо мешавад. Дар қатори Тоҷикистон, ки бо Афғонистон беш аз 1300 км марзи муштарак дорад, ба узвияти ин созмон Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Русия ва Беларус шомил ҳастанд. Моҳи гузашта машқҳои серӯзаи нирӯҳои СПАД дар хоки Қирғизистон барпо шуд. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, ки тамринҳои низомӣ дар шароити нигарониҳои афзоянда аз вазъ дар Афғонистон барпо мешаванд. Песков дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки “ин машқҳо хеле муҳим ҳастанд”.

Песков афзуд, ки дар мулоқоти президентони кишварҳои узви СПАД, ки моҳи сентябр дар Душанбе барпо шуд, аз таҳаввулоти ахири вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ шуд. “Онҳо пешгӯинашаванда будани вазъ ва зарурати гӯш ба қимор шудани СПАД дар ин робитаро таъкид карданд”, гуфт Песков. Машқҳои Тоҷикистонро дар моҳи октябр моҳи август сухангӯи СПАД Владимир Зайниддинов ҳам хабар дода буд.

XS
SM
MD
LG