Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW дар остонаи интихоботи Узбекистон аз пастравии ҳуқуқи башар ҳушдор дод


Соли 2019, интихоботи парлумонии Узбекистон
Соли 2019, интихоботи парлумонии Узбекистон

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch (HRW) дар як изҳороташ гуфт, ки ба интихоботи президентии Узбекистон чандин номзади воқеии чолишбарангез роҳ дода нашуданд ва ин аз нақзи ҳуқуқ дарак медиҳад. Изҳороте, ки 13-уми октябр нашр шуд, мегӯяд, ки ин маҳдудиятҳо аз “нопурра будани вусъати ислоҳоте”, ки президент Шавкат Мирзиёев ба он даст задааст, дарак медиҳад. Интизор меравад, ки дар интихоботи президентии рӯзи 24-уми октябр президенти амалкунанда пирӯз мешавад. Дар матбуоти маҳаллӣ таблиғоти фаровоне ба ҷонибдории ӯ ба роҳ монда шудааст.

Ҳю Уилямсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказии созмони HRW дар изҳороте гуфт, “Узбекистон бо ваъдаи ислоҳот мавриди таваҷҷӯҳи зиёди байналмилалӣ қарор гирифт, вале пастравии нишондодҳои ҳуқуқи башар дар ин охирҳову набуди номзади воқеии мустақил ва мухолиф дар ин интихобот, маҳдуд будани ин иддаоҳоро ба намоиш гузошт”.

Уилямсон гуфт, “Узбекистон метавонист пойбандии воқеиашро ба ислоҳоти пурмазмун аз роҳи ба интихобот иҷоза додани номзадҳое, ки бо ҳукумат назари яксон надоранд, ба намоиш гузорад, вале чунин нашуд”.

Мирзиёев соли 2016 дар як шароити суолбарангез баъди даргузашти президенти худкома Ислом Каримов раҳбари муваққатии Узбекистон шуд ва поёни он сол дар интихоботи президентӣ ғалаба ба даст овард. Мақомот гуфтанд, ки 87 дарсад ба фоидаи ӯ овоз доданд.

Мирзиёев дар оғоз ваъда дод, ки дар кори матбуот ва интихобот ҳам, ки аз ҷониби нозирони ғарбӣ ҳеҷ гоҳ озоду демократӣ номида нашудааст, ислоҳоте барпо мекунад. Вале ҳамонгуна, ки дар интихоботи қаблӣ буд, ин навбат ҳам ҳеҷ як мунаққид ё мухолифи воқеӣ ба интихобот роҳ наёфт.

Дар интихоботи гузаштаи Узбекистон ҳам аксаран мунаққидони асосии сиёсӣ аз ширкат дар ҳаёти сиёсии ин кишвар ва ҳам интихобот берун карда шуданд.

Қонунгузории интихоботии Узбекистон пешбарии номзадҳоро танҳо ба намояндагӣ аз ҳизбҳои сиёсии сабтиномшуда иҷоза медиҳад ва ин маҳдудият, ба қавли HRW, ширкати намояндагони гурӯҳҳои фарогири ҷамъиятиро иҷоза намедиҳад. Дар изҳороти ин созмон аз ҷумла дар бораи набуди номзадҳо аз ҳизбҳои оппозитсионии “Эрк” ва “Ҳақиқат ва рушд” ёдоварӣ шудааст, ки аз гурӯҳҳои қадимаи оппозитсионӣ ба шумор мераванд.

Овозхон Ҷаҳонгир Отаҷонов - номзаде, ки метавонист аз ҷониби “Эрк” пешбарӣ шавад, баъди як ҳамлаи издиҳоме ба нишасти сиёсии ӯ гуфт, ки фаъолиятҳои сиёсатро тарк кард. Намояндагони ин ду ҳизб ва дигар мунаққидони маъмурияти Мирзиёв шикоят мекунанд, ки ҳодисаҳои азияту озор ва таъқибҳои сиёсӣ ба як ҳолати маъмулӣ табдил шудааст.

Ба ин тартиб, дар интихоботи президентии Узбекистон панҷ номзади начандон муҳим, мисли Баҳром Абдуҳалимов аз ҳизби “Адолат”, Алишер Қодиров аз “Эҳёи миллӣ”, Нарзулло Обломуродов аз Ҳизби экологӣ ва танҳо зан дар миёни номзадон - Мақсуда Ворисова аст, ки аз ҳизби мардумии демократӣ иштирок хоҳанд кард.

Чанде пеш САҲА ва ODIHR – Дафтари сохторҳои демокративу ҳуқуқи башари ин созмон Узбекистонро ҳушдор доданд, ки чандин машваратҳои деринтизор барои барпо кардани интихоботи демократиро иҷро накардааст.

Моҳи май САҲА ва ODIHR аз Тошканд тақозо карданд, ки даст ба ислоҳот занад ва корро ба чаҳорчӯбаи қонун дароварда, кори комиссиюни интихоботӣ дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла, пешгирӣ аз тақаллуб ва пӯшиши одилонаи интихобот дар матбуотро фароҳам кунад.

Венди Шерман, муовини котиби давлатии ИМА, ки моҳи октябр дар Тошканд буд, дар мулоқот бо Мирзиёев ба ҳамкориҳои стратегии Вашингтону Тошканд ва ҳам ба идомаи ислоҳот дар бахши иқтисодӣ, дастовардҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар таъкид кард.

XS
SM
MD
LG