Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон воридоти газро аз боҷи гумрукӣ озод кард


Шуруъ аз 1-уми октябр шахсони ҳуқуқӣ, ки ба воридсозии газ ба Узбекистон машғул ҳастанд, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод шуданд.

Дар ин бора дар фармони президенти он кишвар аз 6-уми октябр зикр шудааст.

То ин замон Узбекистон ба хориҷи кишвар газ содир мекард. Анвар Ҳусайнов, вазири пешини таъминоти гази Узбекистон ба ин бовар аст, ки кишвараш солҳо пеш мебоист, аз содиркунандаи газ ба воридкунандаи он табдил шавад.

Узбекистон солона, ба ҳисоби миёна 60 миллиард метри мукааб газ истихроҷ мекунад. 40 миллиард метри мукааби он барои истифодаи дохилӣ харҷ ва боқимонда 20 миллиард метри мукааб ба хориҷ содир мешавад.

Анвар Ҳусайнов мегӯяд, амалан эҳтиёҷоти дохилии Узбекистон на камтар аз 65 миллиард метри мукаабро дар сол ташкил медиҳад. Аммо сарфи назар аз ин, Узбекистон бо назардошти ҳадафҳои сиёсӣ, 20 миллиард метри мукаабро ба хориҷ содир мекунад ва сокинони худро бе газ мегузорад.

XS
SM
MD
LG