Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот номаи пеш аз худкушии сокини ноҳияи Айниро тафтиш мекунанд


Ҷасади Ғиёсиддин Аюбзодаи 27-соларо рӯзи 5-уми октябр дар деҳаи Ревади ноҳия дафн карданд
Ҷасади Ғиёсиддин Аюбзодаи 27-соларо рӯзи 5-уми октябр дар деҳаи Ревади ноҳия дафн карданд

Мақомоти додситонӣ ва Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ номаи Ғиёсиддин Аюбзодаи 27-сола, корманди собиқи “Амонатбонк”-ро, ки пеш аз худкушӣ навиштааст, таҳқиқ мекунанд.

Мақомот афроде, ки дар ин мактуб номашон зикр шудааст, ба пурсиш даъват кардааст.

Ҷасади Ғиёсиддин рӯзи 5-уми октябр дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ пайдо шуд. Дар номае, ки зоҳиран ӯ қабл аз худкушӣ навиштааст, сабаби ин амалашро ба баҳси пулӣ рабт додааст.

Аюбиддин Хуҷов, падари Ғиёсиддин мегӯяд, нусхаи комили номаи фарзандашро баъдтар дар компютери ҷойи кораш ёфтанд, ки бо байти “Каъбаро гуфтам чаро ту курта мепӯши сиёҳ, Гуфт шармам ояд аз ҳоҷиёни русиёҳ” шурӯъ мешавад.

Дар нома ӯ аз чанд нафар ном бурдааст ва гуфтааст, маҳз онҳо боис шуданд, ки дар кори ӯ мушкил пайдо шавад.

Муллонасим Носиров, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ рӯзи 12-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, номи афроде, ки дар номаи Ғиёсиддин Аюбзода зикр шудааст, барои пурсиш даъват шудааанд.

Ӯ гуфт, санҷиш тоза шурӯъ шудааст ва ҳоло нисбати ин ҳодиса парванда боз нашудааст.

Аюбиддин Хуҷов, падари Ғиёсиддин ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи рузи 11-уми октябр ба додситонӣ даъват шуда буд ва аз ӯ дар бораи қарзи Ғиёсиддин ва вазъи зиндагии ӯ суол карданд.

Ғиёсиддин Аюбзода дар номааш, ки бо имзои “Ғиёси Ревадӣ” навиштааст мегуяд, “ман 2-сол пеш ба маблағи 150000 (яксаду панҷоҳ) ҳазор сомонӣ маблағ аз “Амонатбонк” гирифтам ва ин маблағро намедонам ё коргаронамон ё ягон шахс аз хонаамон дуздидааст”.

Дар идомаи ин нома номи чанд нафареро гирифтааст, ки гуё ба онҳо маблағ қарз додааст. Ӯ навиштааст, пулро ба шарте қарз дода буд, ки касе хабар наёбад, вале ҳама хабар ёфт ва ӯ “шарманда” шуд.

Як муфатиши додситонии Айнӣ рӯзи 12-уми октябр ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, ягона санаде, ки ҷузъиёти худкушии Ғиёсиддини ҷавонро ошкор мекунад, номаи пешазмаргаш аст ва бар асоси ин санад тафтишот пеш меравад.

Қутбиддин Мерганов, мудири намояндагии "Амонатбонк" дар ноҳияи Айнӣ гуфт, онҳо низ номаро хондаанд ва дар онҷо гап дар бораи 150 ҳазор сомонӣ меравад.

"Овозаҳое, ки гуё бо роҳбарияти бонк нофаҳмӣ дошт, асос надорад. Дар нома шикоят аз кормандони бонк нест. Он шахсоне, ки маблағи бонкро аз дасти ӯ гирифтаанд, бояд зиёнро барқарор кунанд", -- афзуд ӯ.

Ҳоло чашмҳо ба тарафи муфаттишон дӯхта шудааст, ки ҳангоми таҳқиқи қазия чӣ ба даст меоранд.

Ғиёсиддин Аюбзода писари ягона хонавода буда, аз ӯ як писару ду духтар мондааст.

Моҳи марти имсол ҷасади Икром Ҷабборзода, сокини 42-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва корманди бонки давлатии "Амонатбонк"-ро аз соҳили дарёи Душанбе ёфтанд. Мақомот он замон гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст, аммо наздиконаш шубҳа доштанд.

XS
SM
MD
LG