Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди консули тоҷик аз боздоштгоҳи муҳоҷирон


Муҳоҷирони тоҷик дар яке аз боздоштгоҳҳои Русия. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирони тоҷик дар яке аз боздоштгоҳҳои Русия. Акс аз бойгонӣ

Зафар Сайидзода, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург аз Маркази муваққатии нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар ин шаҳр дидан кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Свердловск, диполомати тоҷик бо шароити нигаҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бояд ба ватан ихроҷ шаванд, шинос шудааст. Зафар Сайдзода бо мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ масъалаи суръат бахшидани раванди интиқоли ин муҳоҷиронро низ баррасӣ намудааст.

Аммо дар ин хабарнома шумораи муҳоҷирони тоҷике, ки дар марказ қарор доранд, оварда нашудааст. Вале зикр гардидааст, ки консулгарӣ барои онҳо кӯмаки моддӣ низ расондааст.

Дар ҳамин ҳол Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод ки 11-уми октябр 18 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки бинобар панедмияи COVID-19 дар шаҳри Схинвалии Осетияи Ҷанубӣ дармонда буданд, ба ватан гусел карданд.

Ба қавли сафорат ин муҳоҷирони тоҷик ҳангоми сафар аз Осетияи Ҷанубӣ то фурудгоҳи Налчик бо маводи гизоӣ ва ҷойи хоб таъмин шуданд.

Мақомоти тоҷикро борҳо барои таваҷҷуҳи зарурӣ накардан ба муҳоҷирон дар Русия танқид мекунанд. Вале мақомот ҳамеша гуфтаанд, ҳамавақт ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кӯмак мекунанд.

XS
SM
MD
LG