Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Австрия нахуствазир нав мешавад


Александр Шелленберг, вазири корҳои хориҷии Австрия ва нахуствазири ояндаи ин кишвар
Александр Шелленберг, вазири корҳои хориҷии Австрия ва нахуствазири ояндаи ин кишвар

Ду рӯз баъди бо сабаби шурӯи таҳқиқи парвандаи фасод аз мақомаш истеъфо додани садри аъзами Австрия Себастиан Куртс, интизор меравад, ки рӯзи 11-уми октябр вазири хориҷа Александр Шелленберг раҳбари нави ин ҳукумат шавад. Шелленберг 52 сол дорад ва ӯ низ узви Ҳизби мардумии муҳофизакори Австрия аст. Шелленберг аз соли 2019 дар мақоми вазири хориҷаи Австрия кор мекунад. Маросими савгандёдкунии нахуствазири нави Австрия зери назари президент Александр Ван дер Беллен мегузарад. Вазири нави корҳои хориҷӣ Майкл Линҳарт мешавад.

Таҳқиқе, ки фаъолияти Куртсро дахл дорад, ба иттиҳоми истифодаи пулҳои ҳукумат барои беҳтар кардани обрӯи ӯ дар матбуот ва ҳам сохтакории натиҷаҳои назарсанҷиҳо барои кӯмак дар пешрафти карерааш аз мақоми вазири хориҷа то нахуствазири Австрия марбут мебошад. Худи Куртс ин иттиҳомотро рад мекунад.

Куртс баъди он ба истеъфо розӣ шуд, ки Ҳизби сабзи таҳдид кард, ки дар сурати дар мақомаш мондани ӯ аз эътилоф берун мешавад. Раиси сабзҳо гуфт, ки вазири корҳои хориҷӣ Шелленберг дар фасод бадном нашудааст ва метавонад нақши нахуствазирро иҷро кунад. Куртс гуфтааст, ки раиси ҳизб мемонад ва ҳам раҳбарии фирқаи парлумонии ин ҳизбро ба ӯҳда мегирад.

XS
SM
MD
LG