Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азияти ҷинсии даҳҳо ҳазор наврас. "Калисо ба ислоҳоти сахт эҳтиёҷ дорад" ВИДЕО


Як Калисои Католикӣ дар Париж, акс аз бойгонӣ

Ҷабрдидагон аз озору азияти ҷинсӣ дар Фаронса талаб доранд, ки дар Калисои Католикӣ ислоҳоти таърихие сурат бигирад, то дигарбора ба суистифодаи ҷинсии наврасон роҳ дода нашавад. Пештар аз ин як Кумисюни махсуси Фаронса натиҷаҳои таҳқиқеро нашр кард, ки нишон додааст, садҳо ҳазор кӯдак дар 70 соли гузашта дар Калисои Католикӣ озору азияти ҷинсӣ дидаанд.

Жан Рене, Жан Франсуа ва Ҷозеф, сокинони Фаронса, тақрибан даҳсола будаанд, ки озори ҷинсиашон оғоз ёфтааст. Рӯҳониёни мадрасаи Шаване Пайлерс пайваста шогирдони навраси худро суистифода мекардаанд.

"Ҳар вақте мехостанд, ба назди мо меомаданд ва мегуфтанд, ман туро муддати зиёд аст, надидам ва моро ба утоқҳояшон мебурданд", -- нақл кард Жан Франсуа.

Жан Рене, ҷабрдидаи дигар, мегӯяд, “вақте рӯҳоние дар ягон мадраса ва калисо расвоӣ мекард, усқуф ӯро ба калисои дигар мефиристод ва ӯ айни корро дар инҷо такрор мекард.”

Озори ҷинсии наврасон ва пинҳон нигоҳ доштани ҷиноят даҳсолаҳо дар Фаронса идома кардааст. Таҳқиқи Кумисюн ошкор кардааст, ки аз соли 1950 беш аз 3200 рӯҳонӣ 216 000 кӯдак ва аксаран писаронро суистифодаи ҷинсӣ кардаанд. Бо иловаи ходимони муваққатии калисо шумораи ҷабрдидагон 330 000 тахмин мешавад.

Жан Марк Саве, раиси Кумисюни таҳқиқи озори ҷинсӣ дар калисо, гуфт, "гузашта аз ин ҳама, беэътиноӣ, кӯтаҳӣ, сукут, пинҳонкории васеъ дар калисо мисли қоида будааст."

Вокуниши Поп Франсис, пешвои католикҳои ҷаҳон, ҳафтаи гузашта ба натиҷаҳои таҳқиқ чунин буд: “Ман аз ранҷу осебе, ки ҷабрдидагон кашидаанд, ғамноку андӯҳгинам. Ман шармсорам. Мо ва ман шармсорем, ки калисо муддати дароз натавонист, ба онҳо таваҷҷуҳи зарурӣ кунад.”

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Калисои католики Фаронса азияти ҷинсии даҳҳо ҳазор наврасро пинҳон доштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Бар асоси қонунҳои Фаронса, муҳлати ҷазо додани гунаҳкорон барои ҷиноятҳои қадима гузаштааст. Кумисюн аз калисо хост, ҷубронро барои ҷабрдидаҳо зиёд кунад. Пардохти онҳо аввали соли оянда оғоз меёбад. Баъзе аз ҷабрдидагон мегӯянд, худи калисо ба ислоҳоти сахт эҳтиёҷ дорад.

Эрик Бун озордида аст ва мегӯяд, "бояд амалкардҳо, муносибат ва мудирият дар калисо сахт тағйир ёбад."

Аввали имсол Поп Франсис қонунҳои калисои Католикро тағйир дод ва озори ҷинсиро ҷиноят ҳисобид. Амис Пелис де Ру, мудири созмони Садои Католикҳо дар Фаронса, мегӯяд, “ба андешаи ман, то замоне ки як парванда мондааст, як дарранда, як ҷабрдида мондааст, бояд корро идома дод. Поп Франсис ба назари ман тағйиротро шуруъ кард."

Таҳқиқи Кумисюни махсуси Фаронса баъди айни таҳқиқот дар кишварҳои дигар ба мисли Амрикову Австралия сурат гирифт. Попи Рум озори ҷинсиро дар Калисои Католикӣ “мусибати ҷаҳонӣ” хондааст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG