Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум озори ҷинсии кӯдаконро "дард ва шармандагӣ" номид


Попи Рум Франсиск
Попи Рум Франсиск

Раҳбари калисои католики Рум Франсиск, дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Ирландия бо ҷабрдидаҳои бадрафтории ҷинсии роҳибон мулоқот кард. Поп гуфт, дар робита ба ин ҳодисаҳо, ки калисои католики Румро такон дод, "аз Худо бахшиш" мехоҳад.

Франсиск ҳамчунин калисои Ирланияро сарзаниш кард, ки дар тули даҳсолаҳо созмонҳои католикии Ирландия кӯдаконро маҷбуран аз занони бешавҳар мегирифтанд ва ба фарзандхонӣ медоданд. Ба гуфтаи ӯ, бинобар ин рафтор, кудакон худро "бесоҳиб" эҳсос мекарданд ва "хотираҳои дарднок дар онҳо захмҳои амиқ" мегузошт.

Даъвати Попи Рум оиди бахшиш дар заминаи ҷанҷоли дастдарозии ҷинсӣ ба кӯдакон, ба нашри номаи усқуфи аъзам - Карло Мария Вигано дар нашрияи католикии National Catholic Register мувофиқ омад.

Собиқ сафири Ватикан дар Вашингтон, Франсиск ва мақомоти дигарро дар чашм пушидан ба шикоятҳои озори ҷинсӣ аз рӯи кардинали амрикоӣ Теодор Маккаррик муттаҳам кард. Бозҷӯии калисо шикояти дастдарозиро қобили эътимод донист ва Маккаррик истеъфо дод. Вигано гуфт, ки ҳанӯз соли 2013 Франсискро огоҳ карда буд, ки кардинал якҷо бо талабаҳо мехобад, аммо Франсиск таҳримеро, ки попи пешина ба кардинал ҷорӣ карда буд, бекор кард.

XS
SM
MD
LG