Бахши аввали баҳс миёни Украина ва Русия аз рӯйи "ҳодисае дар баҳр" рӯзи 11-уми октябр дар Додгоҳи ҳакамии Гаага шуруъ мешавад. Қазия ба ҳабси киштиҳои украинии “Никополь”, “Бердянск”, “Яны-Капу” ва 24 маллоҳ дар се соли пеш рабт мегирад.
Баҳсро нахуст ҷониби Русия оғоз карда, сипас навбат ба Украина мерасад. Интизор меравад, мубоҳисаҳо чор рӯз идома кунанд.
Украина мегӯяд, се киштии онҳо моҳи ноябри соли 2018 аз Одесса ба Мариупол ҳаракат мекард ва дар ин бора қаблан ҷониби Русияро огоҳ карда буданд. Вале, ба гуфтаи Киев, марзбонони рус бар хилофи Эъломияи СММ оид ба ҳуқуқи баҳрӣ ва созишномаи миёни Русия ва Украина (дар бораи истифода аз обҳои баҳри Азов ва гулӯгоҳи Керч, дар соҳилҳои Қрим) киштиҳоро тирборон карда, ҳабс намуданд.
Маллоҳонро дар убури ғайриқонунии сарҳад гунаҳкор ва ба боздоштгоҳе дар Маскав ҷой доданд. Маскав маллоҳонро асири ҷанг эътироф накард ва алайҳи онҳо аз рӯи моддаи Кодекси ҷиноӣ дар бораи “убури ғайриқонунии сарҳад” парванда боз намуд.
Баъди 10 моҳ маллоҳон ва як сол баъди ҳодиса киштиҳо ҳам ба Украина баргардонида шуданд.
Созмони Милал Қримро ҳамоно қаламрави Украина медонад. Дар Вазорати корҳои хориҷии Украина гуфтанд, интизор надоранд, додгоҳ то соли 2022 ҳукмашро содир кунад.