Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари собиқ гуфт, ки Амрико дар рақобат бо Чин "мағлуб шуд"


Пекин, октябри соли 2020. Муаррифии фанноварии 5G дар PT Expo
Пекин, октябри соли 2020. Муаррифии фанноварии 5G дар PT Expo

Як афсари собиқи баландпояи Вазорати дифои Амрико гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида аллакай ба Чин дар рақобат бо зеҳни сунъӣ "мағлуб шудааст".

Николас Чейллан, ки моҳи ҷорӣ ба нишони эътироз аз, ба гуфтаи худаш, рушди сусти фанновариҳои низомии Амрико ба истеъфо рафт, дар суҳбат бо нашрияи Financial Times гуфт, “дар 15-20 соли оянда ИМА дар рақобат бо Чин ҳеҷ шонс надорад”.

Ӯ афзуд, “ҳоло ин як созишномаи анҷомёфта аст” ва “аллакай тамом шудааст”. Чейлан гуфт, низоми дифои интернетии Амрико дар бисёр идораҳои давлатӣ “дар сатҳи боғчаи бачагона қарор дорад”.

Чин иқтисоди дуюми азимтарини сайёра буда, дар самти рушди фанновариҳои навин фаъолона кор мекунад ва ин пешрафт ба ақли зеҳнии маснӯӣ, генетика ва биологияи синтетикӣ рабт дорад.

XS
SM
MD
LG