Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиб гуфт, Саакашвили бояд дар беморхона муолиҷа шавад


Нозири боздоштгоҳи муваққатии Рустави, ки он ҷо Михаил Саакашвили нигаҳдорӣ мешавад
Нозири боздоштгоҳи муваққатии Рустави, ки он ҷо Михаил Саакашвили нигаҳдорӣ мешавад

Собиқ президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили, ки аз 1-уми октябр ба ин сӯ гуруснанишинӣ эълон кардааст, ба гуфтаи духтураш, бо сабабаи бад шудани саломатиаш бояд дар шароити беморхона муолиҷа шавад. Саакашвили баъди ҳашт соли дурӣ аз Гурҷистон ба ватан баргашт ва ҳамон рӯзи 1-уми сентябр боздошт шуд. Ӯро дар муассисаи нигаҳдории муваққатии Рустави дар канори шаҳри Тифлис нигаҳ медоранд. Ӯ ба нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ зад. Соли 2018 додгоҳе дар Гурҷистон Саакашвилиро дар ғайбаш ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум кард. Худи ӯ солҳои охир сокини Украина буд ва дар ҳукумати президенти ин кишвар Владимир Зеленский дар мақоми мудири барномаҳои ислоҳот кор мекард. Моҳи сентябр Саакашвили дар як изҳороти бесобиқааш гуфт, ки 2-юми октябр, рӯзе, ки дар Гурҷистон интихоботи маҳаллӣ барпо мешуд, ба ин кишвар меравад, то ки, ба гуфтааш, “кишварро аз бӯҳрони сиёсӣ наҷот диҳад”.

Николоз Кипшидзе, табиби Саакашвили дар як мусоҳибаи телевизиониаш гуфт, ки ҳамроҳ бо табибон дар зиндон вазъи саломатии президенти собиқро баррасӣ кардааст ва ӯ ба ин назар аст, ки ӯро бояд ба беморхона барои муолиҷа интиқол диҳанд. Пеш аз ин вазорати адлияи Гурҷистон ҳафҳои вакили дифои Саакашвилиро рад кард ва гуфт, ки вазъи саломатии ӯ “қонеъкунанда” аст ва ӯ ба хадамоти зарурии тиббӣ дастрасӣ дорад.

XS
SM
MD
LG